Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Донишмандон дар масъалаи тақлид ақидаҳои зидди якдигар баён кардаанд. Аз ҷумла таърихшиноси ингилис Арнолд Тойнбӣ, ки аз ҳамзамонони мо буд ва ба ҳамин қарибӣ ба русӣ асари бузурги ў «Шинохти таърих» («Постижение истории», М., 1991) аз чоп баромад, ақида дошт, ки нормаву арзишҳои тамаддун дар ҷомеа аз рўи тақлид густариш меёбад: аксарияти мардум, ки қобилияти эҷодкорӣ кам доранд ё надоранд, ба «ақаллияти эҷодкор» пайравӣ ва тақлид карда фарҳанг меомўзанд ва ба роҳи тамаддун медароянд. Ба ақидаи А. Тойнбӣ тақлид ба фарҳанги бегона низ яке аз омилҳои муҳимми рушди таърихист.
А. Тойнби ба қонунҳои таърихи ҷаҳон амиқан сар фурў бурда буд ва бешак ақидаи мазкури ў асос дорад. Ҳақиқатан дар зиндагии рўзмарра ва таърих гоҳе аз пайравию тақлид гузир нест. Шак нест, ки дар ҷомеаи тоҷикон низ ҳамеша ҳол чунин буд ва чунин хоҳад буд. Бешубҳа, мо низ ба дигар халқҳо тақлид кардаем ва минбаъд тақлид кардан лозим меояд. Вале муҳим он аст, ки пайравӣ ва тақлид чӣ тавр сурат мегирад ва чӣ пайовардҳо дорад, дар кадом сурат тақлиди маҳз аст ва дар кадом маврид пайравии эҷодкорона аст ва ба чӣ андоза эҷодкорӣ дорад. Бояд фаромўш накунем, ки агар умуман бигирем, мардуми мо чандон ба тақлиди маҳз нарафтаанд. Эронитаборон, аз ҷумла мардуми тоҷик ва аҷдоди эшон аз «халқҳои меҳвар», аз халқҳои бузурги таърихсоз ва фарҳангофарин буданд ва маънавияти воло ба вуҷуд овардаанд.
Онҳо дар давраҳои гуногуни таърихи худ бо омўзиши эҷодгарона аз халқҳои дигар сарбаландӣ доштаанд. Ояндаи онҳо низ бо омўзиши эҷодхоҳонаи таҷрибаи таърихи дигарон вобаста хоҳад буд. Кашфи сирри рўйдоде ба як шахс насиб мешавад, вале чун як сир кашф шуд, дигар рўпўш намемонад ва рўзе ба дастраси ҳамагон қарор меёбад. Соҳиби ҳар дастоварди фарҳангӣ як халқ аст, аммо чандин халқ аз он истифода мекунад.

пешина
аз 351
навбатӣ