Хуросон аст ин ҷо

Мисоли чунин ҳолатҳо дар китоби муаллифи ин сатрҳо «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» (1968 ва 1985 ва 2005) бисёр омадааст. Аз ин мисолҳо маълум мешавад, ки мо қобилияти дуруст фикр карданро аз даст дода истодаем. Метавон гуфт, ки як қисми мардум, чунончи бархе аз зиёъиён, бисёре аз кормандони соҳаи идоракориву маъмурият, илми иқтисод, тиб, ҳуқуқ ва ғайра қобилияти баёни дурусти тоҷикиро хеле аз даст додаанд. Ин гап чунин маънӣ дорад, ки таъсири беруна, дурусттар он ки фишори фарҳангии аҷнабӣ қобилияти зеҳнии миллат ва тафаккури миллиро аз дарун хароб мекунад.
Боз ҳам айб дар ин нест, ки шаклу сохторҳои бегона ба тарзи тафаккури миллӣ дохил шудаанд. Агар онҳо хилофи тафаккури миллӣ намебуданд, омадани онҳо падидаи мусбате мебуд ва зеҳни моро тезӣ ва дороӣ меафзуд. Баъзе аз онҳо дар ҳақиқат нақши мусбате дар ақлу ҳуши мо доранд. Лекин шаклу сохторҳое, ки хилофи ҳосияту вежагии зеҳнияти миллист, амали харобкор дорад, табъу завқро вайрон мекунад, истиқлоли табъро аз байн мебарад, боиси маҳрумият аз нозукиҳои тарзи адои хос мегардад.
Бояд таъкид кард, ки ба маънавият ва фарҳанги миллӣ фаровон ва бо фишор ворид омадани унсурҳои бегона ҳаргиз аз падидаҳои робитаи фарҳангии байналмилалии борвар нест, балки як навъ таҷовуз аст, истилои фарҳангист, ки табъу завқ, ҳиссу ҳаяҷон, шеваи андеша ва тарзҳои ифодаи маънавиятро оҷизу нотавон месозад, аз табиъият ва худвежагии аслӣ маҳрум мекунад.
Вуруди пурфишору зўроваронаи фарҳанги бегона фарҳанги миллиро ба тобеъият мегирад ва хароб мекунад. Он гоҳ фарҳанги ягона ва якпорчагии миллии таърихӣ гусаст меёбад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо