Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Албатта бо вуҷуди инҳо дар адабиёт, санъат, илм асарҳои асиле ба майдон омаданд, ки арзиши баланд доранд. Аммо ҳувиятзидоӣ ва миллияттарошӣ хеле пурзўр буд, тафаккури қолабӣ ба вуҷуд овард, мо ҳама каму беш яқсўнигар, намунаҷўй ва нусхабардор шуда будем. Аксари харобиҳои забон ва офати тарҷумазадагӣ аз ҳамин ҷо сар задааст. Натиҷаи такрори тўтивор буд, ки истилоҳотро аз русӣ айнан гирифтем ва бо ин кори мо имкониятҳои калимасозӣ ва иборабандии забони тоҷикӣ маҳдуд ва қобилияти худсозии он кам шуд.
Мавлавӣ фармудааст:

Халқро тақлидашон бар бод дод,
Эй ду сад лаънат бар ин тақлид бод!

Ин аст, ки масъалаи тақлиди фарҳангӣ яке аз ҷиддитарин масъалаҳои иҷтимоъист. Тақлид буд, ки дар ҳақиқат аз бисёр ҷиҳатҳо «халқро бар бод дод» ва мо бовар ҳосил кардем, ки пайравии кўр-кўрона на танҳо неруи эҷодгарӣ ва қобилияти офаринандагиро кам мекунад, балки шахс ва миллатро аз симои хоси худ маҳрум месозад.
Агар маънои тарҷумазадагиро ба андеша бигирем, ошкор мешавад, ки маънои он қисман ё ба куллӣ хароб шудани сохтори тафаккури миллист. Рафта-рафта тафаккури мо то андозае русӣ шуд, фикри мо ранги русӣ гирифт ва ба тамом бехабар аз онем, ки русӣ фикр мекунем ва агарчи матлаб бо калимаҳои тоҷикӣ адо мешавад, шакли сухан ва сохти ибораву ҷумла тоҷикӣ нест.
Калимаҳо тоҷикӣ, аммо қолаби сухан русист. Ва ҳол он ки ҳар қолиби ибораву ҷумла ба забони русӣ як маънои муайян ё ин ки якду навъи маъноҳоро ифода мекунад ва мумкин аст, ки ин қолиб ба тоҷикӣ он маъноро ифода накунад ё маънои дигаре, ҳатто маънои аксро ифода намояд ва ё тамоман маъниеро ифода насозад.

пешина
аз 351
навбатӣ