Хуросон аст ин ҷо

Ин барномаҳо ҳаминро ҳам бояд ба назар гиранд, ки робитаҳои байналмилалии фарҳангии мо боиси осеб дидани худвежагиҳои маънавияти мо нагарданд, ба олами маънавии мо унсурҳои бегона ва хилофи аслияти он ворид наёваранд.
Миллат бо симои маънавии хоси худ миллат хоҳад буд. Агар аз чеҳраи маънавии хос маҳрум бошад, ҳанўз ба дараҷаи миллат нарасидааст ё ин ки вежагии миллиро аз даст додааст. Чеҳраи маънавии миллатро ҳусни табиъӣ мебояд, ки унсурҳои омадаи ороиши он бояд табиъияти аслиро халале нарасонад.
Ин ҷо масъалаи тақлид пеш меояд. Шарти ҳатмӣ он аст, ки масъалаи тақлидро ҳаматарафа бисанҷем.
Фаҳранги тоҷикони Осиёи Миёна дар садаи бист аз пайравии кўр-кўрона, аз тақлиди маҷбуриву ихтиёрӣ бисёр зарар дид.
Тақлиди маҷбурӣ аз он ҷо сар зада буд, ки масалан ба тақозои идеологияи шўравӣ дар ҳама ҷумҳуриҳо шеърҳое ба васфи ҳизб, пешвоёни он, муваффақиятҳои сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ ва ғайра месуруданд ва ин шеърҳо ҳама ба ҳам монанд буданд ва гоҳ то андозае мадҳияҳои форсии асрҳои гузаштаро ба ёд меоварданд.
Аксари романҳое, ки дар замони шўравӣ дар бораи инқилоб ё колхозсозӣ ва ё ки ҷанги фашизм ва аз ҷанг баргаштани ҷанговарон ва ё дар бораи синфи коргар ва монанди инҳо навишта шудаанд, бо «супориши иҷтимоъӣ» аввал дар адабиёти русӣ ва баъд ба тақлиди он дар дигар адабиётҳо пайдо шуда буданд. Ҳамаи онҳо дар худ аз тақлид нақше доштанд. Гап танҳо дар жанрҳои алоҳида, чунончи дар мадҳиясароӣ нест, балки дар ин аст, ки дар асари сиёсати миллиятзидоӣ фарҳанги ҳама миллатҳои шўравӣ як андоза якрангӣ пайдо карда истода буд, ки қадам ба қадам ба сўи берангиву беҳувиятӣ мебурд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо