Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ҳол он ки инҳо ва дигар мафҳумҳои иҷтимоъиву сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва ғайра бояд ҳар чи зудтар як ҷузъи маънавияти мо шаванд, арзишҳои моро ғано бахшанд.
Шубҳае нест, ки дар ҷаҳони истиқлолу озодӣ фақат бо ҳамдастии халқҳои Машриқу Мағриб метавонем вуҷуд дошта бошем, фақат дар сурати баҳра бардоштан аз таҷрибаи иҷтимоъиву фарҳангии онҳо метавонем барномаҳои рушди миллии худро анҷом бидиҳем. Ин баҳрабардорӣ бояд ҳам соҳаи маънавият, ҳам соҳаи иқтисод ва пойгоҳи моддиву техникии ҷомеаро фаро бигирад.
Мо бояд аз пешрафти Ғарб пас намонем, ба инқилоби иқтисодӣ, инқилоби илмиву техникии Ғарб бипайвандем, вале худ инқилоби маънавӣ ба по оварем.
Асоси маънавияти мо бояд худӣ ва анъанӣ бошад. Ин ҷо ватангароӣ ва миллатгароӣ зарур аст.
Мо бояд вежагии маънавии худро нигаҳдорӣ кунем, дурусттар он ки махсусияти маънавиеро, ки хеле аз даст додаем, аз нав барқарор оварем, ки мазмуну мундариҷаи имрўзӣ дошта бошад.
Чун садаи бист аз бисёр ҷиҳатҳо моро ба чанголи пастмаънавиятиву бемаънавиятӣ гирифтор кард, баргаштан ба асли худ, расидан ба оғозгоҳҳои маънавии худ ногузир омадааст.
Ин кор басо душвориҳо хоҳад дошт. Лозим аст, ки давлати ҷавони тоҷикон аз нахустин қадамҳо чанд барномаи дарозмуддати эҳёи маънавии миллат тарҳрезӣ кунад, ки масалан як ҷузъи он инсонгароии омўзишу парвариш бошад. Сарфи назар аз душвориҳои иқтисодӣ иҷрои чунин барномаҳоро шурўъ кардан зарур аст.

пешина
аз 351
навбатӣ