Хуросон аст ин ҷо

Давлат таҷассуми сиёсии моҳияти маънавии инсону ҷомеа буда зотан созмони маънавист. Сохтору вазифаҳои он аз моҳияти аслиаш сар мезанад, ки дар додгустарӣ ҳар чиро ки ба одамият ва адлу инсоф созгор омадааст, устувор мекунад, ҳар чиро ки хилофи он аст, решакан месозад. Ниҳоди маънавии давлат дар Эронзамин аз омўзаҳои фалсафии гуманистии Шарқ, аз ҷумла аз афкори фалсафии даврони Сомониён, чунончи аз назарияи кишвардории Абунасри Форобӣ ғизо гирифтааст ва андешагарони баъдӣ, чунончи Насируддини Тўсӣ, Алии Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон таълимоти онҳоро такмил додаанд.
Як ҷузъи барномаи рушди маънавии тоҷиконро омўзаи назарии донишмандони Машриқзамин дар бораи кишвардорӣ, инчунин таҷрибаи сиёсатмадорони гузаштаи мо бояд ташкил намояд. Назарияи сиёсат ва амалияи сиёсатмадории гузаштаи худро бояд бидонем ва то он ҷо ки ба шароити асри мо созвор аст, ба кор бигирем. Фалсафаи сиёсӣ ва фикри давлатдории гузаштагони мо дар баъзе мавридҳо бисёр амиқ ва хеле нозук рафтааст ва дар заминаи шароити хоси сарзамини мо ба ҷавлон омадааст. Аз ин ҷиҳат лозим аст, ки дар назари мо арзиши баланд дошта бошад.
Танҳо дар сурате ки аз омўзаҳои гузаштагони худ ба хубӣ огаҳӣ дошта бошем, омўзиш аз назариёту амалиёти кишвардории ғарбиён (аз ҷумла русҳо) судманд хоҳад омад.
Инкишофи маънавии тоҷикон бояд ҳатман бо назардошти таҷрибаи иҷтимоъӣ ва фарҳангии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон сурат бигарад. Вақти он аст, ки мо худро як узви хонадони бузурги халқҳои ҷаҳон бубинем, ҳамбастагии иқтисодиву фарҳангии худ бо дигаронро амиқан эҳсос бикунем ва ба назар бигирем. Мафҳумҳое чун «демократия», «ҳуқуқи башар», «дахлнопазирии шахс», «баробарҳуқуқии ҳамагонӣ», «озодии андеша», «озодии сухан», «давлати ҳуқуқбунёд» ва монанди инҳо ба диёри мо аз Мағрибзамин, аз Русия омад, лекин мо ҳанўз таъми онҳоро начашидаем, маънии онҳоро пай набурдаем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо