Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Имрўз ин интернет ба форсӣ маълумоти фаровоне дар бораи илм ва фанну фанноварии ҷаҳон метавон ба даст овард. Дар интернети форсӣ иттилооти зарурӣ чунон бисёр аст, ки аз интернети баъзе забонҳои бузурги ҷаҳон камӣ надорад. Бешубҳа, минбаъд чунин ахборот дар интернети форсӣ зиёдтар хоҳад шуд.
Пас ҷавонони тоҷик бояд хатти ниёгонро хуб бидонанд, то аз ганҷинаи беканори илму дониш, ки дар интернет ҳаст, битавонанд истифода бикунанд.
Хатти криллӣ моро аз дирўзу парирўзи худ ҷудо медорад, хатти ниёгон дирўзу имрўзу фардои моро ба ҳам мепайвандад, ҳамдаст бо бародарони афғонистонӣ ва эронӣ ба сўйи оянда мебарад.
Ба ин тариқ мардуми тоҷик, ба хусус ҷавононро ба ҷаҳонгароӣ, барои ворид шудан ба ҷаҳони ҷаҳониён аз чанд ҷиҳат омода кардан даркор аст ва яке аз онҳо ин аст, ки нахуст аз файзу баракати маънавияти ғарбиён баҳравар шудан лозим аст. Ин баҳраварӣ бояд як умр давом бикунад ва нахустин шарти ҷаҳонгароӣ дониста шавад.
Чун ҷавонони мо барои таҳсил ба кишварҳои Ғарб мераванд, ба андешаи банда, ҳатман дар ҳар кишвар ва шаҳр сарвару назоратгар дошта бошанд, ки як вазифаи ў ҳамеша гирдуғун доштани донишҷўёни тоҷик ва аз ҷумла ин аст, ки онҳоро ба музей, намоишгоҳ, ҷойҳои таърихии кишвар, ба суханрониҳои мутахассисон оид ба фарҳанги мардуми он бубарад, барои шинос шудани ҷавонони тоҷик ба вежагиҳои фарҳанг, ба инкишофи таърихии андешаи илмӣ ва иҷтимоъиву сиёсии милали он кишвар мусоъидат намояд.
Бархе аз ҷавонони тоҷик ба Ғарб ба таҳсилгоҳ бештар ба ин ният мераванд, ки роҳҳои пулёбиро ёд бигиранд. Албатта, пулёбиро низ омўхтан даркор аст. Пул ва дороӣ на танҳо барои ҳар шахсе, балки барои миллат ва меҳан низ лозим аст. Аз ин рў, пулёбу давлатманд ҳам бояд бошем.

пешина
аз 351
навбатӣ