Хуросон аст ин ҷо

Ғарбу Шарқ зарур аст. Чунонки гуфтем, мардуми мо осори пурбаҳои ғарбиёну шарқиёнро нахуст асосан ба забони модарӣ аз худ бикунанд ва баъд ҳар кӣ фаъолияти эҷодкорӣ оғоз кард, осори хориҷиро бештар ба забони асл хоҳад хонд.
Ин аст, ки тарҷумаи форсии осори хориҷиёнро, инчунин навиштаҳои донишмандони Эронро мо дар Тоҷикистон бояд истифода бикунем. Бояд ҳамаи он тарҷумаҳои форсӣ ва ё бештари онҳо ва осори донишмандони муосири Эрон ба Тоҷикистон оварда шавад. Як қисми онҳоро ба хати кирилии мо баргардондан лозим меояд. Вале ҳамаи онҳоро, ки хеле зиёданд, шояд натавонем баргардон бикунем. Зарур аст, ки ҷавонони мо ба хати форсӣ хондани он осори форсиро ёд бигиранд.
Аз ин ҷо боз масъалаи зарурати омўхтани хати ниёгон пеш меояд. Кадом масъалаи ояндаи фарҳанги миллии худро баррасӣ бикунем, аз зарурати донистани хати ниёгон сухан кушодан лозим меояд. Ҳоло маълум шуд, ки барои даст ёфтан ба фарҳанги мардумони Ғарб ҳам ба хати ниёгон эҳтиёҷ аст.
Оре, мо, ки хати форсиро хати ниёгон номзад кардаем, агар аз ниёгони худ рў гардондан нахоҳем, ба хати ниёгон рў овардан зарур аст. Чун ба асли худ баргаштан мехоҳем (то роҳи фардои худро дуруст муайян бикунем), аз хати ниёгон моро гузир нест.
Мутаассифона, омўзиши хати ниёгон дар мактаби миёна қаноатбахш нест. Мувофиқи хости Қонуни забон солҳои оғозини даҳаи навади қарни бист омўзиши хати ниёгон дар мактаб дуруст ба роҳ монда шуда буд, вале баъд Вазорати маориф ин дарсро фақат ба мактаби ибтидоӣ маҳдуд кард. Барои ҳамин синфҳои ибтидоӣ ҳам муаллим намерасад. Ба фикрам, ин вазъиятро ислоҳ кардан лозим аст. Ҳастии маънавии мардуми тоҷик қариб ҳазору чаҳорсад сол бо хати форсӣ вобастагӣ дошт, ояндаи эшон низ аз баъзе ҷиҳатҳо сахт вобаста ба ин хат хоҳад буд. Имрўз рафти таърих инро мехоҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо