Хуросон аст ин ҷо

Дар садаи бист мо натавонистем, ки тараққии илми ҷаҳон, лоақал илми русиро барои тавоноӣ афзудани забони худ истифода бикунем, баръакс кўшиши мо барои даст ёфтан ба муваффақиятҳои илми Русия забони миллиро ба нотавонӣ овард. Дар садаи бисту як ҷаҳонгароӣ ва рў овардан ба илму фарҳанги ҷаҳон бояд инчунин омиле дар тавоноӣ афзудани забони миллии мо гардад. Тарҷумаи осори илмӣ яке аз муҳимтарин омилҳо дар рушди забони тоҷикии илмҳои гуногун аст.
Имрўз дар Тоҷикистон ҷавононе, ки адабиёти илмиро аз русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ тарҷума бикунанд, каманд, аммо чун дар донишгоҳҳо факултаи забони хориҷӣ ва шўъбаи тарҷумонӣ зиёд шудааст, зарур аст, ки тарҷумонҳои осори илмиро бисёртар тайёр бикунем.
Инро ҳам набояд фаромўш кард, ки муҳимтарин осори илмиву фалсафии кишварҳои Ғарбро дар Эрон тарҷума ва чоп кардаанд ва умед аст, ки осори навро низ зуд тарҷума хоҳанд кард. Бояд гўштузор биёварем, ки талабаҳо ва донишҷўёни Эрон, бештари мутахассисони эронӣ забонҳои хориҷӣ, ба вежа инглисиро хуб медонанд. Бо вуҷуди ин тарҷума кардани осори ғарбиёнро зарур мешуморанд ва бештари устодони эронии соҳаҳои гуногуни илм бо тарҷумаи илмӣ машғуланд. Мо тоҷикон низ набояд бигўем, ки акнун дар байни ҷавонони тоҷик донандагони забонҳои ғарбӣ зиёд шуда истодаанд ва ин ҷавонон навиштаҳои илмии донишмандони Ғарбро ба забони асл метавонанд бихонанд ва аз ин рў, ба тарҷумаи тоҷикии навиштаҳои илмӣ ва адабии ғарбиён чандон эҳтиёҷ надорем. На, ҳаргиз чунон нест. Агарчи дар Тоҷикистои донандагони забонҳои хориҷӣ, ҳатто сесавода ва чорсаводаҳо зиёд шуда истодаанд, тарҷумаи осори нависандагон ва донишмандони

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо