Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо аз ҷаҳонгароӣ мақсади аввал ин нест. Мақсади аввал мустаҳкам кардани таҳкурсии ҳастии маънавии худ аст.
Аз он хирадномаи миллат, ки мо дорем, дигар кишварҳои Ғарбу Шарк низ доранд. Ғараз аз ҷаҳонгароӣ нахуст он аст, ки хондану фаҳмидани хирадномаи миллатҳои дигарро ёд бигирем, муҳимтарин андўхтаҳои онро ба хирадномаи миллии худ зам бикунем, дар зиндагии худ ва барои рушду камоли миллату меҳани худ ба кор бигирем.


Ин аст, ки ҷаҳонгароиро як рўйдоди механикӣ, танҳо бо робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ, фақат бо илму дониш ва фаниу фанноварӣ махдуд пиндоштан нашояд, балки як раванди гуногунпаҳлўи маънавӣ бояд донист, ки пайомадҳои ахлоқӣ ва рўҳиву равонӣ низ хоҳад дошт. Ҷаҳонгароиро бо саиҷишу озмоиши зиёд, бо баррасии ҳамаҷонибаи асосҳои илмиву назариаш амалӣ метавон кард. Мо набояд, ки дар раванди ҷаҳонгароӣ аз асли маънавии худ, аз маънавиятгароии таърихии худ, каме ҳам бошад, маҳрум бишавем. Мо бояд дар ин раванд моддигароӣ биёмўзем, вале маънавиятгароӣ аз даст надиҳем. Орзуҳои иҷтимоъиву ормонҳои зебошинохтии мо бояд поя бар моддигароӣ надошта бошанд, комилан бо маънавият вобастагӣ биёбанд. Он гоҳ метавонем чеҳраи фарҳангии хоси худро, чунонки ҳаст, нигаҳ бидорем.
Ба ин муносибат ба як матлаб такроран диққат ҷалб мекунам.
Шоири тоҷик Сиддиқии Аҷзӣ соли 1913 гуфта буд:

Агар аз зиндагӣ доред уммед,
Урупо ҳар чӣ медонад, бидонед.

пешина
аз 351
навбатӣ