Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ғизои маънавӣ фарҳанг аст. Имрўз мардуми тоҷикро бештар аз ҳама фарҳанг лозим аст, фарҳанги миллӣ, қувват гирифтани он, рушду камоли он зарур аст. Фарҳанги сухан, фарҳанги муомила ва ахлоқу одоб, фарҳанг (фанн)-и кор, фарҳанги сиёсӣ ва ҳоказо дар байни мардуми мо ҳанўз паст аст ва сатҳи онро боло бурдан лозим аст. Анъанаҳои бостонии фарҳанги миллӣ, ки бархе аз онҳоро фаромўш кардаем, бояд ба дастраси наслҳои наврас қарор биёбад, то пайванди имрўзу фардо бо дирўзу парирўз барқарор бошад.
Пайванди маънавӣ бо дирўзу парирўз шахсро ончунон нерўйи ботинӣ ато мекунад, ки метавонад баробари падидаҳои манфии ғарбгароӣ сахт биистад.


Пайваста афзудани арзишҳои маънавӣ чи ба воситаи меросбарӣ ва идомакорӣ, чи ба воситаи тамос бо халқҳои дигар ва истифода аз дастовезҳои фарҳангии онҳо дар ҳама асру замон аз муҳимтарин вазифаҳои таърихӣ буд ва имрўз бешгар аҳамият пайдо кардааст. Аз ҷумла ҷаҳонгароӣ як навъи «ғизои маънавӣ»
ҷустан ва густариш додани доираи ин ҷустуҷў дар миқёси ҷаҳон аст.
Як мақсад аз ҷаҳонгароӣ афзудани дороиҳои маънавии миллат аст.
Мо дар ин бора поинтар андак ба тафсил сухан хоҳем кард.
Ҳоло дар бораи як ҷиҳати маънавиятҷўиҳои байналмилалӣ ва тамоси фарҳангии халқҳо каме таваққуф кардан мехоҳем.
Чун мардуми тоҷик бо халқи дигаре тамос мегирад ва аз фарҳанги ў баҳра мебардорад, ба вежа агар таъсирпазирии фарҳангии ў каму беш густурдагӣ дошта бошад, мумкин аст, ки аз фарҳанги худ баъзе чизҳо аз даст бидиҳад. Фархангҳои таъсиргузор ҳар чӣ пурзўртаранд, эҳтимоли он аст, ки фарҳанги таъсирпазир бештар талафот бидиҳад.

пешина
аз 351
навбатӣ