Хуросон аст ин ҷо

Боре дар як толори калон чун гуфта шуд, ки аз забон, фарҳанг, маънавият шиками касе сер намешавад, ҳама аҳли толор сахт кафкўбӣ карданд, яъне он гуфта бисёр маъқул шуд, хоҳиши дили ҳозирони толорро ифода кард. Бояд бо қатъияти тамом бигўем, ки чунин фаҳмиш нодуруст аст ва барои муайян кардани роҳи миллат ба сўйи фардо бисёр зарар дорад. Чунин тасаввур, ки аз забон, фарҳанг, ҳунар, зебоишиносӣ, фалсафа ва ғайра шикам сер намешавад, дар натиҷаи фаҳмиши нодурусти моҳияти ҳастии инсон пайдо шудааст. Инсон мавҷуди маънавист. Фарқи инсон аз ҳайвон он аст, ки ҳайвон танҳо ҳастии ҷисмонӣ дорад ва инсон бо ақлу фаҳм, бо маънавиёт бартарӣ ёфтааст. Агар инсон фақат дар ғами шикамсерӣ бошад, шикамбанда хоҳад буд, аз ҳайвон тафовут нахоҳад дошт. Нахуст онҳое, ки шикамсериро мақсади зиндагӣ қарор додаанд, ба доми моддигароёни Ғарб хоҳанд афтод. Дар Ғарб асбоби шикамчаллонӣ ҳама омода ва пурҷило назар мерабояд. Вале ин ҷилоро бахше аз ормонҳои башарӣ набояд донист.
Дарунмояи ҳастии мардум маънавият аст. Ҳастии ҷисмонӣ зоҳири ҳастист, асли ҳастӣ нест. На ҳусни зоҳирӣ, балки ҳусни ботинӣ, ҳусни маънавию ахлоқӣ моҳияти инсонро падид меоварад.
Мафҳумҳои «ғизои моддӣ» ва «ғизои маънавӣ»-ро ба ҳам зид набояд гузошт. Инсонро ҳам ғизои моддӣ лозим аст, ҳам ғизои маънавӣ. Ҳар кас бо ғизои моддӣ қаноат бикунад, моҳияти инсонии худро аз даст хоҳад дод. Инсонро ғизои маънавӣ на камтар аз ғизои модди лозим аст, то асли инсонии инсон нерў афзояд.
Ба хусус чун дар садаи бист, дар даврони миллиятситезӣ ва маънавиятзидоӣ мардуми мо кам ғизои маънавӣ гирифтанд, имрўз ба ин навъи ғизо бештар эҳтиёҷ доранд. Илова бар ин, агар инро ба назар бигирем, ки хавфи моддигароии Ғарб ва ғарбзадагӣ пеш омадааст, шак намемонад, ки имрўз мардуми тоҷик ба ғизои маънавӣ бештар аз ҳар замони дигар эҳтиёҷ доранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо