Хуросон аст ин ҷо

Ҳамон нияти якрангӣ овардан ба чаҳон, ки дар боло гуфтем, ҳамоно маънои маҳрум кардани миллатҳо аз ҳувияти фарҳангӣ ё ки суст кардани ҳувияти фарҳангӣ, камранг кардани махсусиятҳои миллиро дорад.
Пас дар мавриди пешгирии равандҳои норавои ҷаҳонгароӣ, пешгирии ташаккули шахсияти бегонафарҳанг низ мушкилкушои мо нахуст забон, фарҳанг ва маънавият аст.
Аз ҳама бештар бо устувор кардани ҳувияти фарҳангӣ ва пояҳои хастии миллӣ хатарҳоеро, ки бо ҷаҳонгароӣ меояд, бартариф тавон кард. Агар натавонем ҳама хатарҳоро бартараф бикунем, лоақал бархе аз онҳоро бояд ҳатман аз сар дафъ бикунем, бикўшем, ки баъзе равандҳои нораво сусттар ва камзарар шавад.
Давлат бояд ин муборизаро сарварӣ, ташкил ва танзим бикунад.
Мо ҳоло мехоҳем андешаи худро дар бораи ин ки муборизаи зидди ҷанбаҳои номатлуби ҷахонгароӣ бояд чӣ гуна сурат бигирад, дурусттар он ки давлат бояд онро чӣ тавр сурат бидиҳад, баён бикунем. Бештари он чӣ гуфта хоҳад омад, пеш аз ин дар навиштаҳои дигар гуфта шуда буд. Бо вуҷуди ин ба такрор бошад ҳам, баъзе гуфтаҳои парокандаро як ҷо паҳлўи ҳам гузошта, диққати аҳли ҷомиаро ба сари ду-се масъала ҷамъ овардан мехоҳем.
Пас забон, фарҳанг, маънавият, дар ҷомиаи тоҷикон бояд ба маркази диққат гузошта шавад. Коре бояд кард, ки шахсияти инсон парвардаи забони модарӣ, фарҳанги миллӣ ва маънавиёт бошад, то ки шахс барои огоҳона ва эҷодкорона пазируфтани унсурҳои қарзии ҳувиятсоз, унсурҳои фарҳанги дигаре омода бошад.
Нахуст он тасаввурро решакан кардан лозим аст, ки мегўянд:
аз забон, фарҳанг, маънавият шиками касе сер намешавад. Ҳоло ин тасаввур дар ҷомиаи тоҷикон барои худ ҷойгоҳи багустариш ёфтааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо