Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин як қонунияти умумии амали мутақобилаи фарҳангҳои мухталиф аст.
Мо, тоҷикон дар садаи бист ба ин ҳақиқат бовар ҳосил кардем.
Халқи тоҷик дар садаи бист ба фарҳанги ғарбиён ва бештар аз ҳама бо фарҳанги русӣ тамоси густурдае устувор дошт. Робитаҳои эҷодии фарҳанги тоҷикӣ бо фарҳанги русӣ аз бисёр ҷиҳат ба суди мо, мардуми тоҷик сурат гирифт. Бо таъсири равандҳои нави иҷтимоъиву сиёсӣ, бо таъсири фарҳанги русӣ дар адабиёту санъати тоҷикӣ дигаргуниҳои муҳим рўй дод, ки бисёре аз онҳо натиҷаи мусбат овард. Муҳим он аст, ки адабиёту санъат мазмунан ва шаклан нав шуд, имконияти тозаи бадеъӣ дар ҷустуҷўҳои эҷодӣ пайдо кард, созгор ба замон ва таърихи миллат гардид. Илми нави замонӣ дар Тоҷикистон зери нуфузи мактабҳои илмии Русия қомат рост кард ва ҳоказо.
Паҳлўи дигари робитаҳои фарҳангии мо дар садаи бист он аст, ки дар бархе аз мавридҳо дастовардҳои навини фарҳангии мо хеле гарон афтод, яъне мо ба ивази он комёбиҳо аз баъзе андўхтаҳои маънавии худ маҳрум шудем, баъзе анъанаҳои муҳимми миллиро фаромўш кардем, гоҳ-гоҳе ҳатто аз ҳама таърихи худ рўй гардонидем. Сиёсати мустамликадории болшавикӣ чунон буд, ки масъалаҳои забон, фарҳанг, маънавият ба куллӣ ранги сиёсӣ гирифта, ба идеологияи шўравӣ тобеъ гардид ва аз чорчўбаи он наметавонист сар берум оварад. Забони русӣ дар ҳама ҷумҳуриҳои шўравӣ ҳукмронии мутлақ дошт ва забони тоҷикӣ дар зери фишори сахти он бисёр осеб дид, бо фишори сиёсӣ пирўзӣ ёфтани одигароӣ ва тарҷумазадагӣ дар забон яке аз осебҳои калон ба ҳастии миллии мардуми тоҷик буд. Муборизаи зидди дин, ба вежа зидди ислом дар ҷомиа зарарҳои калон овард, чунончи ҷанбаи маънавии ҳаёти инсонро суст кард, имону эътиқод, худоҷўиву худотарсиро коҳиш дод, одамият, ахлоқу одобро кам кард. Дар ҷомиаи шўравӣ нобакороне, ки на аз Худо метарсиданд, на аз банда, имкони бепоён ба даст оварданд, ки бар сари аҳли ҷомиа чормағз бишкананд.

пешина
аз 351
навбатӣ