Хуросон аст ин ҷо

Инкори мавҷудияти халқе ба номи тоҷик чунин маънӣ дошт, ки тоҷиконро маънан нест бояд кард. На ҷисман, балки маънан нобуд кардан, аз онҳо турк сохтан лозим буд, яъне боз ба сари миллати тоҷик хавфи калоне, хавфи нобудӣ омад.
Муборизаи зидди пантуркизми давлатӣ аз аввали инқилоб сар шуда, ба шаклҳои гуногун давом кард, лекин фақат пас аз таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон натиҷаҳои ҷиддӣ дод. Таъсиси давлат боис шуд, ки мубориза натиҷаи ҷиддӣ бидиҳад. Ҷумҳурияти мухтори Шўроии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1924 дар ҳайъати Ўзбекистони шўравӣ таъсис шуд. Ҷумҳурияти Тоҷикистон ниҳоде хеле дур аз истиқлол ва мухторият буд. Таъсиси мухторияти Тоҷикистон дар ҳайъати Ўзбекистон чунин маънӣ дошт, ки шўравиён тоҷикро дасту по баста ба турк супурданд. Тоҷикистон тобеъияти дукарата дошт: аввал ба Ўзбакистон, баъд ба маркази импиротурии шўравӣ тобеъ буд. Пас аз соли 1929, ки Ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон ташкил гардид, агарчи чанд гоҳ сарварони он тоҷикон буданд, аз истиқлол нишоне набуд ва гоҳ Тоҷикистони шўравиро давлати миллӣ номидани мо (аз ҷумла каминаи нигоранда) дуруст набуд.
Оре, мухторияти соли 1924 ба ном давлат ва вонамуди давлату давлатдорӣ буду бас. Бо вуҷуди ин, бо таъсиси ин мухторият муборизаи зидди пантуркизм ранги расмӣ гирифт. Бо таъсиси ҷумҳурияти мухтор мавҷудияти халқи тоҷик (гарчи бо харобазори кўҳистони Бухорои Шарқӣ маҳдуд буд) эътироф шуд. Он гоҳ устод Айнӣ навишт: «баъд аз тақсимоти ҳудуди миллӣ, ки дар Осиёи Миёна ба вуқўъ омад, тоҷикон ҳам соҳиби ҳукуқ шуданд».1 Он гоҳ давлати навбунёди тоҷикон бо ҳама нотавонӣ ва мутеъӣ ба ҳимояи ҳуқуқи миллати тоҷик камари ҳиммат баст. Нахуст, мавҷудияти қавми тоҷик ва ҳаққи меросбарии фарҳангии ў , ҳаққи ў ба забону адабиёти ҳазорсола, ки забони форсӣ ва адабиёти форсӣ ном дошт, ҳаққи ў ба мероси фарҳангии бостонӣ бояд исбот мешуд, то худшиносии таърихӣ ва ёди фарҳангии миллат дуруст шакл бигирад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо