Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Яъне боз ҳам, чунонки дар давраи Сомониён, буд, масъалаи забон ва истиқлоли фарҳангӣ, масъалаи фарҳангу маънавият аҳамияти якумдараҷа пайдо кард.
Пешвои маънавии халқи тоҷик Садриддини Айнӣ, пешвоёни сиёсии он Абдулқодир Муҳиддинов, Нусратуллоҳ Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шотемур, Чинор Имомов қариб ҳама зиёъиёни тоҷик талоши сахте оғоз карданд. Матбуоти тоҷикии тозабунёдро, ки аз соли 1924 пайдо шуд, рўзномаҳои «Овози тоҷик», «Тоҷикистони сурх» ва маҷаллаи «Раҳбари дониш»-ро аз назар гузаронем, мебинем, ки масъалаи асосӣ дар онхо масъалаи забон, адабиёт, фарҳанг аст. Сиёсати фарҳангии замони шўравӣ ва баъзе каҷравиҳои идеологӣ имкон надод, ки чанде аз ин масъалаҳо дуруст ҳал шавад, лекин ҳоло барои мо муҳим он аст, ки муборизаи зидди пантуркизм, мубориза дар роҳи ҳифзи миллати тоҷик аз маҳви маънавӣ дар нимаи дувуми даҳаи бистуми садаи бистум бо пеш гузоштани масъалаи забон ва фарҳанг шурўъ шуд ва ин муборизаро давлати навбунёд ташкил кард.
Соли 2007 Донишгоҳи фанноварӣ (технология)-и Тоҷикистон китобе ба номи «Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо» чоп кард, дар ин китоб, ки бештар аз 700 саҳифа дорад, мақолаҳои оид ба забон, ки дар матбуоти тоҷикӣ аз соли 1926 то соли 1931 чоп шуда буданд, гирд оварда шудаанд, Талоши фаъолтарин зиёъиёни тоҷик, ки дар роҳи ҳифзи забони миллии мо, содагиву равонии он, тоза кардани он аз бодовардҳои замон кардаанд, инчунин муборизаи равшанфикрони тоҷик бо пантуркизм ва падидаҳои гуногуни он аз ин китоб хеле хуб дида мешавад. Аз китоби «Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо» бовар ҳосил мекунем, ки дар ҳақиқат он солҳо масъалаи асосӣ дар матбуоти тозабунёди тоҷикӣ масъалаи забон будааст.

пешина
аз 351
навбатӣ