Хуросон аст ин ҷо

Ба вежа, дар сарзаминҳое чун Мовароуннаҳру Хуросон, ки аз аҳди бостон қаламрави маънавият буданд, давлати миллӣ бо устувор кардани дарунмояи маънавии ҳастии миллат вазифаҳои таърихиеро, ки як-як пеш меоянд, иҷро карда, барои ҳифзи ҳувияти фарҳангии миллат талош меварзад ва миллатро барои тайи роҳҳои ноҳамвори таърих, барои расидан ба сарманзили мақсуди таърихӣ сафарбар мекунад.
Ба гумони мо, давлати Сомонӣ нақши миллатофаринӣ иҷро кард, неруҳои эҷодкории миллатро ба ҷунбиш оварда, чунин шароити иҷтимоъиву сиёсӣ фароҳам кард, ки миллат ҳама ҳастии маънавии худро мукаммалан аз қувва ба феъл овард ва мавҷиботи пояндагии таърихии худро таъмин намуд.
Имрўз, ки даврони ҷаҳонгароист, боз ҳам давлати тозабунёди тоҷикон барои устуворӣ бахшидан ба ҳувияти миллат, барои ин ки мардуми тоҷик дар роҳи чаҳонгароӣ ба халқи ҷаҳон омехта нопадид нашавад ва истиқлоли фарҳангии худро ҳифз намояд, мубориза хоҳад кард. Яъне имрўз рисолати таърихии давлати миллӣ аз он ки дар аҳди Сомониён буд, хеле фарқ дорад. Барои он ки ин фарқ беҳтар маълум шавад, боз ба таърих, ин бор ба таърихи наздик як нигоҳ андохтан лозим меояд.
Инқилоботи солҳои 1917 ва 1920 фаъолияти маорифпарваронро қатъ намуд. Инқилоб дар Мовароуннаҳр пантуркизмро ба сари ҳокимият овард ва ба хусус шахси якуми Ҷумҳурияти Халқии Шўроии Бухоро Файзуллоҳ Хоҷа панкуркисти гузаро буд. Пантуркизм, ки ба сари қудрат расид, маҳви маънавии тоҷикон як бахши сиёсати давлати шўравӣ шуд. Тоҷиконро дар санадҳои расмӣ узбек навиштан гирифтанд, забони форсии тоҷикиро аз мактабу маориф, матбуоту нашриёт, коргузории идорӣ берун ронданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо