Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Банда бар ин боварам, ки ҳолати пурхатар ба сари миллати мо зиёд омада буд ва аз ин рў бояд ба таърих назар андозем ва аз таҷрибаи таърихии миллат, ки басо ғаноманд аст, посух биҷўем.
Ба ин мақсад банда мехоҳам баъзе пораҳои таърихи мардуми тоҷикро ёдовар бишавам.
Ба фаҳми банда, давраҳои оғозини шаклгирии халқи тоҷик гувоҳӣ аз он медиҳад, ки нахуст истиқлоли сиёсӣ барои эҳёи миллии мардуми эронӣ имкон пеш овард. Истиқлоли сиёсӣ бо таъсиси давлати бузурги Сомониён муяссар шуд. Миллат пеш аз ин, пеш аз таъсиси давлати Сомониён ду қарни хомўширо аз сар гузаронд, ки хомўшии маънавӣ, хомўшӣ дар соҳаи фарҳанг буд. Ин хомўшӣ чунин маънӣ надошт, ки равандҳои фарҳангӣ қатъ шудаанд. На, равандҳои муҳими фарҳангӣ идома доштанд, вале чунин як омили пурзўри созмондиҳӣ дар миён набуд, ки он равандҳоро ба як нерўи сарнавиштсоз, ба як нерўи раҳоибахш аз нобудӣ, ба як омиле, ки омодасози заминаи умри дуборам миллат бошад, табдил бидиҳад.
Ба ҳар ҳол, ҷомиа чунин заминаи солими фарҳангиро доро буд, ки як нерўи бузурги сиёсӣ ба майдон омад ва истиқлоли сиёсии миллатро таъмин кард. Истиқлоли сиёсӣ истиқлоли фарҳангии миллатро устувор кард, омилҳои ҳувиятсозро фаъолият бахшид ва умри дубораи миллат фаро расид. Як натиҷаи эҳёи миллии Эрон ҳамин аст, ки дар шарқи он халқи тоҷик ташаккул ёфт. Халқи тоҷик зодаи эҳёи маънавии Эрон аст, маънавиятзода аст, маънавиятпарварду маънавиятпарвар аст.
Ба такрор ёдрас мешавем, ки эҳёи миллӣ бо тараққии беназири фарҳанг, илму ҳунар, иқтисоду истеҳсол даст дод ва ин ҳамаро давлати миллӣ, давлати Сомонӣ бунёд ниҳод.
Давлати миллӣ дар ҳама асру замон поя бар андешаи миллӣ дошта, рисолати таърихии он омода сохтани заминаи бақои умри миллат аст.

пешина
аз 351
навбатӣ