Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мо ҳанўз ин осебро бартараф накарда будем, ки равандҳои ҷаҳонгароӣ оғоз ёфт. Бархе аз равандҳои ҷаҳонгароӣ забон ва фарҳанги миллии моро зери нуфузи худ гирифта ва таъсири манфӣ расонида истодаанд. Дар сурате ки бо пошхўрди импиротурии шўравӣ тиҳигоҳи маънавӣ ба вуҷуд омада, бо фоҷиаҳои ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 дар ҷомиаи тоҷикон шуури иҷтимоъӣ суст ва шуури миллӣ кунд шуда буд, таъсири манфии чаҳонгароӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид пайдо кард. Ҳоло дар ҷомиаи тоҷикон бисёр омилҳои пурзўр худбехабарии фарҳангӣ ва худбегонагии миллии шахсро қувват медиҳанд ва барои шаклгирии шахсияти бегонафарҳанг шароит омода мекунанд. Ин раванд дар Тоҷикистон дар садаи бист оғоз ёфта буд ва акнун торафт зўр мегирад.
Мо бар инем, ки тамоюлоти миллиятзидоӣ, ки дар равандҳои ҷаҳонгароӣ ҳаст, ба сари миллати тоҷик хатари ҷиддӣ овардааст.
Лозим аст, ки барои пешгирӣ аз оқибати манфии равандҳои ҷаҳонгароӣ кўшише бикунем. Инро ҳам бояд бидонем, ки ин ҷо ба андак кўшиш ба мурод намерасем. Таҳоҷуми фарҳангӣ ва раванди ҳувиятзидоӣ чунон пурзўр аст, ки гумон аст битавонем аз ҳама пайовардаҳои он худро бираҳонем. Бо вуҷуди ин, чораҳои ҷиддӣ бояд бияндешем, то таъсири равандҳои номатлуб кам шавад. Зарур аст, ки чорабиниҳои калоне пеш бигирем, то хатаре, ки ба сари миллат омадааст, ба қадри имкон бартараф гардад.
Пас чӣ бояд кард? Он чорабиниҳои бузург, ки мо бояд пеш бигирем, аз чи иборат хоҳад буд? Ба ин гуна пурсишҳо мутахассисони сохаҳои гуногун, чунончи иқтисоддонҳо, кормандони ҷабҳаи бонку молия, сиёсатмадорону сиёсатшиносон ва ғайра ҳар кадоме аз рўйи ихтисоси худ бояд посух биҷўянд. Бояд мутахасисони ҳама соҳаҳои илму дониш ва давлатдорӣ сафарбар шаванд, то посухе ҳамаҷониба ба даст биёяд.

пешина
аз 351
навбатӣ