Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ин муносибат мехоҳем ба таъкид бирасонем, ки албатта Тоҷикистон бояд дарҳои боз дошта бошад, вале шаҳри бедарвоза набошад. Аз аҳди бостон қоида ин аст, ки барои ҳар хона ва ҳар шаҳр дару дарвоза месозанд, то ки гоҳ онро бикушоянд ва гоҳ сахт бубанданд.
Дар асрҳои гузашта ҳатто гузарҳои шаҳр дарвоза дошт ва онро шаб қулф мекарданд. Баъд ин расм барҳам хўрд ва дар садаи нуздаҳ гузарҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Кўлоб ва ғайра дарвоза надоштанд. Умуман, мардуми тоҷик ба дарбастагӣ одат накардаанд ва дар шаҳрҳои калон ҳам дарвозаи ҳавлиро сахт қулф намекарданд. Лекин ба ҳар ҳоле ҳавлӣ ва шаҳр дарвоза дошт ва гоҳ намехостанд, ки онро бикшоянд. Ва ин дарбандӣ ҳам хикмат дошт.
Дил бисёр мехоҳад, ки дар сиёсати имрўзи давлати мо он ҳикмати даркушоиву дарбандӣ риоя шавад. Зарур аст, ки барои бархе аз омилҳои харобкори ҷаҳонгароӣ дарҳои мо баста бошад, роҳ ёфтани баъзе равандҳои нораво то ҳадди имкон пешгирӣ шавад.
Агар ҳама дару дарвозаҳо ҳамеша кушода бошад, имконе пайдо мешавад, ки бархе қувваҳои фурсатҷўй ба хонаи мо сар дароваранд ва моро помол бикунанд. Ин эҳтимол ҳамеша вуҷуд дорад.
Бисёр рўйдодҳо ишора бар он доранд, ки баъзеҳо моро зери даст ва зери по гирифтан мехоҳанд. Сиёсати дарҳои боз, ки дар шароити Тоҷикистони кунунӣ бисёр дуруст ва оқилона аст, барои бастани роҳи онҳое, ки бо нияти нохуб аз дари мо даромадан мехоҳанд, омодагии махсусе бояд пешбинӣ кунад.

Ба пиндори мо натиҷагирӣ аз он чӣ гуфта шуд, ин аст, ки имрўз ба сари истиқлоли фарҳангии мардуми тоҷик ва ҳастии маънавии онҳо хавфи тоза омадааст. Оғози ин хавф аз қарни бист аст. Аз даҳаи бистуму сиюми садаи бист бо сиёсати маънавиятситезӣ ва миллиятзидоии импиротурии шўравӣ забони тоҷикӣ хеле осеб дид, яъне пояи ҳувияти миллӣ ларзон шуд.

пешина
аз 351
навбатӣ