Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

На, ҳаргиз чунин эҳсосе пайдо намешавад.
Албатта, агар аҳволи мактаб, радиову телевизион, матбуот ҳамон бошад, ки гуфтем, беҳтар кардани вазъи забон душвор хоҳад буд.
Дар баъзе дарсҳо, ба вежа дар омўзиши компутер як забони аҷиб пайдо шудааст, ки омехтан русиву тоҷикӣ ва тоҷикӣ дар он хеле кам аст. Ҳеч як аз мақомоти давлатӣ ин равандро назорат намекунад.
Он ҷавонони корҷўй, ки чанд сол боз ҳазор-ҳазор ба Русия мераванд, агар ин рафтуомади онҳо боз чанд соли дигар давом бикунад, бегумон, ба забони мо баъзе дигаргуниҳо хоҳанд овард.
Ҷои баҳс нест, ки бештари ин дигаргуниҳо рўйдоде мусбат нахоҳад буд. Тавон гуфт, дар ояндаи наздик дарди тарҷумазадагӣ хуруҷ хоҳад кард, одигўӣ, гуфтори беибо, гап задани бенизом бештар хоҳад шуд. Мо бояд барои пешгирии инҳо, барои суст кардани таъсироти нави манфӣ омода бошем. Банда андешаҳои худро дар ин бора дар фаслҳои поин хоҳам гуфт.


Ба муносибати падидаҳои ҷаҳонгароӣ дар Тоҷикистон боз як масъаларо андаке дахл кардан мехоҳам.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст. Хуб аст, ки кишвари мо ба рўйи халқҳои атроф аз дили худ дарҳо боз мекунад. Як гўшаи Тоҷикистон Дарвоз ном дорад, яъне дари воз аз қадим хоси тоҷикон буд. Имрўз Тоҷикистон роҳҳои хуб ва тунелҳо месозад, то аз бунбасти иртиботӣ раҳоӣ ёфта, ба дўстон пайванди бештар дошта бошад.
Сиёсати дарҳои боз имрўз яке аз навъҳои ҷаҳонгароист ва Тоҷикистонро ба арсаи ҷаҳон хоҳад баровард.

пешина
аз 351
навбатӣ