Хуросон аст ин ҷо

Давлат фазои иттилоотиро танзим намекунад, онро дахолат надорад, тамоман ба ҳоли худ гузоштааст.
Забони миллӣ шаҳпояи бинои давлат аст ва ин биноро устувор медорад. Худо накунад, ки ин шаҳпоя суст бишавад. Агар корҳо дар ҷомиа на ба забони миллӣ, балки ба забони дигаре анҷом меёбад, бидонед, ки давлат ба коми дигарон аст.
Ба такрор гуфтан мехоҳем, ки фазои иттилоотиро танзиими давлатӣ мебояд, то ки дигарон натавонанд раъю андешаи худро ба зеҳни мо ҷо кунанд. Иттилоот ва дониш, ба вежа улуми инсонӣ ва иҷтимоъӣ на ба он тарз, ки дигарон мехоҳанд ба мо бифаҳмонанд, таъбиру тафсир бикунанд, балки бояд ба забони модарӣ ва полоишгарии фарҳанги миллӣ ба дастраси мо қарор биёбад, то ки мо на танҳо фаҳмиши дигаронро бидонем, балки фаҳмиши хоси худро дошта бошем. Фазои фарҳангӣ ва фазои иттилоотиро бояд рўҳияи миллӣ фаро гирад ва забони миллӣ ҳукмрон бошад. Моро фазои фарҳангии миллӣ лозим аст, на ҳар фазои фарҳангие. Мо нахуст бояд хонаи миллатро обод бикунем, на ҳар хонаеро. Аввал хеш баъд дарвеш.
Агар давлат дар ин соҳа танзимгарии собитқадамонаи мувофиқи манфиатҳои миллӣ пеш нагирад, инкишофи таърихии миллат мумкин аст аз роҳи матлуб берун шавад. Мумкин аст, ки мо ба роҳи дигаре, ба роҳе, ки дигарон мехоҳанд, бидароем ва худ аз ин роҳгумзадагӣ бехабар бимонем.
Ҳоло вазъи забони тоҷикӣ аз баъзе ҷиҳатҳо сол то сол бадтар мешавад. Банда ва баъзе муҳаққикони дигар дар ин бора зиёд навиштаем. Хонандаи мўҳтарам он навиштаҳоро нахонда бошанд ҳам, агар дар кўчаву бозор ва автобусу троллейбус андаке ба гапи атрофиён гўш бидиҳанд, зуд пай хоҳанд бурд, ки гуфтори ҷавонон бисёр вайрон ва дурушт шудааст, ба як забони нозебои дур аз фарҳанги сухан, ба лафзе омехтаи баднамои русиву тоҷикӣ гап мезананд ва қабоҳати инро намефаҳманд. Ва ҳол он ки бештари ин ҷавонон донишҷўянд. Аз гуфторашон ҳеҷ маълум нест, ки онҳо таҳсил доранд, чизе меомўзанд, аз ҷумла одоби сухан ёд мегиранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо