Хуросон аст ин ҷо

Инак, ба баъзе гўшаҳои фазои фарҳангии Тоҷикистон ва фазои иттилоотии он ним нигоҳе андохтем ва аз вазъи онҳо андаке огоҳ шудем.
Хонандаи азиз худ қазоват бикунанд, ки дар сурате, ки 50 фоизи матбуоти Тоҷикистон ба забони русӣ будааст, дар фазои иттилоотӣ - эфири шаҳри Душанбе ду радиои тоҷикӣ ва панҷ-шаш радиои русӣ садо медодааст, яъне забони тоҷикӣ фақат 30-40, бештар бошад 50 фоизи барномаҳоро ташкил мекардааст, дар шабакаи тоҷикии телевизион, чунончи дар ТВТ, ба таъкиди Муҳиби Қурбон1 ҳар бегоҳ 40-50 фоизи намоишҳо ба забони русӣ будааст, дар баъзе таълимгоҳҳои миёнаву олии имтиёздор 40-50 фоизи дарсҳо (дарсҳои асосӣ) ба забони русӣ (ва гоҳ англисӣ), дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон пажўҳишҳои риштаи улуми дақиқ ва табиатшиносӣ сад дар сад ба русӣ сурат мегирад, рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ (ба ҷуз риштаи суханшиносӣ) ба русӣ навишта ва ҳимоя мешаванд, яъне забони тоҷикии илм ба вуҷуд намеояд, ҳама банкҳо, офисҳо ва ғайра асосан ба русӣ кор мекунанд ва ҳоказо, - худ қазоват бикунед, ки дар ин сурат барои забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар қаламрави худ чи ҷойгоҳе боқӣ мондааст. Ба пиндори мо, хулоса бояд ин бошад, ки забони давлатии Тоҷикистон дар фазои фарҳангӣ ҷойгоҳе басазо надорад ва дар фазои иттилоотии кишвар бештар дигарон ҳукмронанд.
1 * Ниг. М. Қурбон. Телевизиони тоҷикӣ ё кинохонаи Русия // Миллат, 2007, 7 март, № 10, саҳ. 7 ва М. Шакурӣ. Фазо пурсадост, вале тоҷикӣ нест // Тоҷикистон, 2006, 26 январ, № 4, саҳ. 8-9.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо