Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин на ободӣ, балки ҷабр дар ҳаққи мардум, поймоли ҳуқуқи шахс хоҳад буд ва инро як рўйдоди иҷтимоъии манфӣ бояд донист. Агар дар ҳаққи халқ ғамхорӣ кардан хоҳем, нахуст бояд водопроводи Душанберо дуруст бикунем, ки мардум оби ҳаром нанўшанд ва баъд бояд бикўшем, ки илоҷе ёфта ба тақозои шароити иқлимии мо кам-кам мардумро аз квартираҳои блокдевори зарарнок бароварда , ба ҳавлиҳои барҳавои шахсӣ ҷо бидиҳем. Ё биноҳое бисозем, ки ба услуби анъании бобоии тоҷикон, ба услуби «чўбкорӣ», ки ҳоло дар Эрон ба услуби «оҳанкорӣ» табдил ва хеле ривоҷ ёфтааст, асос ёфта бошад. Тарзи «чўбкорӣ» (ё «оҳанкорӣ» бо хишти пухта) чи ба эътибори обу ҳаво ва чи аз ҷиҳати зилзилабардорӣ мувофиқи иқлими мост.
Даст кашидани бинокорони мо аз усул (принсипҳо)-и анъании меъмории миллӣ шароити зиндагии мардумро дигар карда, онҳоро ба машаққатҳо дучор овардааст. Анъанаҳои меъморӣ ҳикмати асрҳоро дар худ инъикос додаанд. Аз он анъанаҳо рў тофтан хилофи манфиатҳои миллист. Банда дар ин масъала бовари комил дорам.
Оре, ҳоло дар сиёсати шаҳрсозӣ ғами халқро намехўранд, балки дар андешаҳои дигаранд. Яке аз ин андешаҳо шояд ҳамон аст, ки гуфтем: Ҳар чи зудтар моро аврупоӣ кардан мехоҳанд. Ва ҳол он ки дар бисёр кишварҳо ҳоло аз сохтани биноҳои истиқоматии баланди чандинқабатиии сиёҳпўш даст кашидаанд.
Дар бисёр кишварҳо чунин биноҳо намесозанд, чунки ин биноҳо ба саломатии инсон зарар дорад.
Дар Тоҷикистон анъанаҳои бостонии шаҳрсозиро умри дубора бахшидан лозим аст. Дар шаҳрҳои қадимии мо хона, қасру кўшк, мадраса, корвонсарой, хонақоҳ ва ғайра чунон сохта мешуд, ки ҳам дар гармии тобистон ва ҳам дар сардии зимистон зараре ба истиқоматкунандагон намерасид. Агар дар ғами халқ бошем, бояд роҳҳое биҷўем, ки он усули бинокории бостониро ба шароити имрўз созгор биёварем.

пешина
аз 351
навбатӣ