Хуросон аст ин ҷо

Ба ҳамин минвол дар Аврупо тасвири карикатурии Паямбари исломро нишонаи демократия ва озодӣ ба шумор оварда буданд. Беҳурматӣ нисбат ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллии мардуми Шарқро вобаста ба демократия ва озодӣ вонамудан кори касоне аз аҳли Ғарб аст, ки худ мафкурабардор ва таблиғгари ғасбкорӣ буда, падидаҳои фарҳанги мардумони Шарқ ва тамаддуни шарқиро ночиз ва беаҳамият нишон медиҳанд ва ба ин восита андешаи аҳли ҷомиаро барои пазириши пирўзии ҷаҳонгирону ҷаҳонхоҳоне омода мекунанд. Пешдави империализми фарҳангӣ низ ҳамин талқину ҳамин таблиғ аст.
Афсўс, ки чунин фаҳмиши имрўзии аврупоӣ ва амрикоии демократия, ки тавъам бо як навъ нигоҳи нописандона ва ҳавобаландона ва таҳқиромез ба дигар фарҳангҳои миллист, ба Тоҷикистон низ омадааст. Ин ҳам як меваи боғи ғарбгароист.
Лекин онро ғарбзадагӣ гўем, дурусттар хоҳад буд.
Бисёр мехоҳанд, ки мо ҳар чи зудтар амрикоӣ, лоақал аврупоӣ шавем. Дар шаҳри Душанбе чунин муҳите, ки моро ба сўйи амрикозадагӣ, ба сўйи маҳрумият аз чеҳраи миллии худ мебарад, рўз то рўз густариш меёбад.
Шаҳри Душанбе намуди миллӣ надорад. Лоиҳаҳои нав, ки дар онҳо унсурҳои меъмории миллии тоҷикӣ, чунончи унсурҳои меъмории Бухоро ва Самарқанд, ки мувофиқи иқлими мост, истифода шудаанд, қатъиян рад мешаванд ва биноҳое сохта мешаванд, ки дар онҳо унсурҳои меъмории олмонии қарнҳои гузашта, унсурҳои услуби Барокко ва Готика бартарӣ дорад.
Ҳоло тасмим гирифтаанд, ки мардумро аз ҳавлиҳо берун ронда, ба квартираҳо ҷо кунанд. Ҳавлиҳоеро, ки мардум ба хуни ҷигар сохтаанд, вайрон карда, ба ҷояш биноҳои баланди 13-15 ошёна сохтан мехостаанд. Ба ин тариқ, гуё шаҳрро обод ва зебо кардан мехоҳанд. Аҷаб ободӣ, ки бо хонавайронии мардум ба вуҷуд меомадааст!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо