Хуросон аст ин ҷо

Як рўзнома ва як созмони иқтисодӣ «Авиценна» ном дорад. Ин ҳам мисли он аст, ки дар замони шўравӣ номи касе Маҳмуд бошад, Миша мегуфтанд, Шарифро Шурик, Марямро Мара, Саъидро Саша меномиданд.
Ҳоло ин расм шаклҳои дигар гирифтааст, ки ҳамон «Ева», «Жасмин», «Авиценна» ва ғайра мисоли онанд.
Ба муассисаҳои бегонаном чашм афканем, мебинем, ки ҳар навиштае, ки дар беруну даруни бисёре аз онҳо ҳаст, ба забони русӣ ва инглисӣ буда, навиштае ба забони тоҷикӣ нест. Аз ҳамаи он муассисаҳо садои мусиқии хориҷӣ баланд аст, ҳеҷ оҳанги тоҷикӣ намешунавем. Аз хиёбони зебои маркази Душанбе - хиёбони Рўдакӣ гузарем, аз дарҳои ду тарафи кўча садои мусиқии ғарбӣ меояд. Яъне ба назари баъзеҳо номи тоҷикӣ, сухани тоҷикӣ, мусиқии тоҷикӣ арзиш надорад, фақат шакли аврупоии онҳо эътибор дорад, зебо, пурмаъно, хушсадо менамояд.
Ба андешаи банда, ин пиндорро ғарббандагӣ бояд ном дод, на ғарбгароӣ! Ошкор аст, ки ин ғарббандагӣ ва аврупобандагӣ хоҳ шахсист, хоҳ гурўҳӣ, миллатро ё бахше аз онро ба бандагии фарҳангӣ хоҳад овард. Ин як навъи тоҷикзидоист, ки наметавон бо он муросо кард!
Чаро ҳукуматдорон ба ин тоҷикситезӣ тоқат мекунанд? Чанд сол пеш аз ин ҳукумати шаҳри Душанбе навиштаҳои зебои ба хати ниёгонро аз дару деворҳои хиёбони Рўдакӣ тарошид, яъне як намунаи фарҳанги миллии моро маҳв кард, гўё сояи тоҷикро аз девор тарошид (чунонки дар садаи XX китобҳои ба хати ниёгонро сўзониданд). Пас, чаро акнун ҳукумати шаҳр барои аз байн бардоштани баъзе падидаҳои беҳурматӣ нисбат ба миллат чорае намебинад?! Вазорату идораҳом масъул барои номгузориҳои ёдшуда, радиоҳои бегонаписанд ва ғайра бо хату мўҳр иҷозат медиҳанд, ақида доранд, ки инҳо ҳама нишонаи демократия ва озодист. Андак мулоҳиза бифармоед, ки беҳурматӣ ба миллат нишонаи демократия ва озодӣ будааст!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо