Хуросон аст ин ҷо

То тарҷума нашавад, то бовар ҳосил накунем, ки мазмунан безарар аст, ба фурўш баровардан мумкин нест.
Барои компутер барномаи тоҷикӣ тайёр кардан лозим аст.
Чанд сол аст, ки дар ин бора гуфтугузор ҳаст, вале ҳеҷ не, ки мақомоти давлатӣ аз гуфтор ба кирдор биёянд.
Ширкати забону фарҳанги миллии мо дар раванди омўзишу парвариш то рафт кам шуда истодааст. Мактаби тоҷикӣ эътибор аз даст медиҳад ва мардум фарзандонашонро ба синфи русӣ дода истодаанд. Синфҳои русии мактаби Тоҷикистон пур аз тоҷикбачагон аст. Таълимгоҳҳои миёнаву олӣ, ки дарсашон ба забони русӣ ва англисӣ аст, ҳарчӣ бештар обрў пайдо мекунанд ва обрўйи мактаби тоҷикиро мерезанд.
Аз нотавонии мактаби миллӣ гурехта, ба қудрати забону фарҳанги дигар паноҳ бурдан низ барои устувор кардани асосҳои миллии шахсияти инсон монаи ҷиддист.
Чун дар ин таълимгоҳхо (хоҳ таълимгоҳи миёна аст, хоҳ олӣ) илмҳои асосиро ба забони русӣ ё англисӣ меомўзанд, тафаккури илмии шахс ҷудо аз тафаккури миллӣ шакл мегирад. наметавонад тафаккури миллиро қувват бидиҳад, боиси рушди он бишавад ва дар натиҷа тафаккури миллӣ, ки яке аз рукнҳои ҳувияти фарҳангист, бебаҳра ё камбаҳра аз файзи тафаккури илмӣ мемонад, яктарафа ва камтавон мегардад. Тафаккури миллӣ халалдор шавад, ҳувияти миллӣ осеб мебинад, забони миллӣ хароб мешавад.
Рушди фарҳангии миллат он гоҳ мукаммал ва арзишманд хоҳад буд, ки забони миллӣ забони таҳсилот бошад. Бинои рушди фарҳангии шахсро бар забони дигар ва фарҳанги дигар биниҳем, аз шаклгирии шахсияти фарҳангии миллӣ набояд умед дошта бошем.
Ба ҳар ҳол, умед кам хоҳад буд. Як оғозгоҳи бегонапарварӣ, худнописандӣ, худбезорӣ дар ҳамин ҷост.
Мо бояд илму дониш, ҳикмати ҳаёт, асрори ҷаҳонро ба забони модарӣ аз худ бикунем. Ҷаҳонро ба чашми худ бояд дид, на ба чашми дигарон, ба ақлу фаросати худ бояд шинохт, на аз рўйи ақидаи дигарон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо