Хуросон аст ин ҷо

Ҳоло падидаҳои гуногуни фарҳанги Ғарб, ки тамоюлоти ҳаробкор низ бисёр дорад, ба суръат ташаккули шуури наслҳои наврасро ба роҳи номатлуб бурда истодааст. Кўдакон ва наврасон аз компутер ва интернет на он чӣ судманд аст, балки он чӣ зарар дорад, бештар гирифта истодаанд. Интернет - кафе, бозии сонӣ, тамошои дивидӣ ва видео-диск чунон нуфуз пайдо кардааст, ки тавон гуфт, дар шаклгирии шахсияти навҷавонон як омили асосист.
Бачаҳо дигар китоб намехонанд, хонавода ва мактаб аз тарбия оҷиз аст. Дар шаҳри Душанбе ҳоло асосан ду омили тарбия кор мекунад:
яке ҳаёти иҷтимоъӣ, бештар кўча, ки равияҳои ахлоқии норавои он то рафт меафзояд, дигаре - интернет, дивидӣ, сонӣ, дискотека ва монанди инҳо, ки низ гоҳ андак ва гоҳ хеле таъсири манфии ахлоқӣ мерасонанд. Ҳамаи онҳо нуфузи фарҳанги бегона ва забони бегонаро дар тарбияи наврасони мо густариш медиҳанд. Ҳамаи инҳо дар ҳаёти кўдакон, наврасону ҷавонони тоҷик ҷойгоҳи забони давлатӣ ва фарҳанги миллии моро то рафт кам карда истодаанд.
Парвариш (тарбия) аз кўдакӣ на ба забони модарӣ, балки ба забони дигар ва дар рўҳи фарҳанги дигаре сурат бигирад, наметавонем аз кўдакону наврасони худ тоҷики ҳақиқӣ ба воя бирасонем. Бачаҳои мо ба кадом забон, бо кадом фарҳанг ба воя бирасанд, аҳли ҳамон забон ва ҳамон фарҳанг хоҳанд буд. Дар замони мо имкони ин ки аз кўдак ба забони русӣ ё инглисӣ тоҷик тарбия бикунем, бисёр кам аст. Дар таълимгоҳҳои ҳарбии Тоҷикистон аз аскарбачаҳо ба забони русӣ сипоҳии ватандўсти тоҷик тарбия кардан амри маҳол аст.
Ин аст, ки омилҳои ҳувиятсози бегона барои шаклгирии шахсияти бегонафарҳанг замина омода карда истодаанд.
Аз ин рў, тамошоҳои дивидӣ, сонӣ, видео-диск, филмҳои бачагонаи телевизион ва ғайра бояд ба забони тоҷикӣ бошад, инҳоро бояд худ истеҳсол бикунем ва он чиро ки аз хориҷ меояд, ба тоҷикӣ баргардонем. Аввал тарҷума шавад, баъд ба фурўш барояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо