Хуросон аст ин ҷо

Истиқлоли андеша аз шартҳои асосӣ дар ҷаҳоншиносист. Албатта, худфаҳмии дигаронро бояд донист, яъне ҳатман бояд бидонем, ки дигарон дар бораи худ чи фикр доранд.
Зиёда аз ин, бояд бидонем, ки дигарон дар бораи мо ба чӣ андешаанд, то ки аз рўйи фаҳмиши онҳо хештаншиносии худро такмил бидиҳем. Ин ҳама шинохтҳо бо ҷавлони тафаккури худи мо, ки нозуктарини ҷилоҳои он ба забони модарӣ акс меандозад, бояд сурат бигирад. Зиндагӣ ва чаҳонро ба воситаи забонҳои дигар ба вежа ба воситаи забонҳои тавонои фарогире чун инглисӣ ва русӣ низ омўхтан мумкин, балки зарур аст. Вале нахуст бояд андешаи худро ба ҷунбиш биёварем, то тавоноии андешаи худ ва забони худро афзоиш бидиҳем. Шинохти ҷаҳон аз кўдакӣ ба забони модарӣ оғоз мешавад ва як умр идома меёбад. Забони модарӣ асоси шинохти ҷаҳон аст. Нозукиҳои забони модарӣ нозукиҳои ҷаҳони ҳастиро ба дидаву дили мо наздик меоварад, забонҳо ва фарҳангҳои дигар барои шинохти ҷаҳон воситаи дувум ва кўмакрасон мебошанд.
Мо бояд мисли дигарон, чунончи монанди аҳли тамаддуни Ғарб фикр кардан, монанди онҳо кор карданро ёд бигирем, ба сирру асрори тафаккури онҳо бирасем, вале набояд ки аз тарзи тафаккури худ маҳрум бишавем, ба таври худ фикр ва амал карданро фаромўш бикунем. Дар ҳар сурат мо бояд мо бошем, на дигаре. Бояд тоҷики комил бошем, на ним тоҷик.
Алҳол Тоҷикистон дар парвариши қадри миллӣ бар омўзиш ба забони русиву англисӣ, омўзиш дар кишварҳои хориҷӣ бештар такя дорад. Албатта, дар шароити имрўзӣ ва дар чандин соли дигар аз ин тарзи парвариши мутахассисон истифода кардан лозим меояд.
Вале ин шеваи кор баъзе норасоиҳо дорад, ки барои пешгирии онҳо чорае андешидан даркор аст,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо