Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шахсияти худбегона ва худгурез гоҳ қобил аст ба ҳар ду фарҳанг хиёнат бикунад. Безарартарин ҳолати ў ҳолати бетафовутист, ки вобастагӣ ба ҳеҷ яке аз фарҳангҳо эҳсос намекунад, мансубияти фарҳангӣ ва миллии шахсиятро беаҳамият медонад.
Шахсияти фарҳангии дубаҳра, ки метавонад ба хубӣ аз ҳар ду фарҳанг намояндагӣ бикунад, яъне бо фаро гирифтани ду фарҳанг метавонад ба ҳар ду миллат баробар хидмат бикунад, дар садаи бист аз байни тоҷикони Фарорўд хеле кам пайдо шуд. Темур Зулфиқоров ва Темур Пўлодовро, ки нависандагони русинависанд ва дар адабиёти русии садаи бист ҷойгоҳе доранд, Мансури Суруш ки ба тоҷикӣ ва русӣ асарҳои бадеъӣ менависад ва чанд нафар дигар, аз ҷумла бархе намояндагони жанрҳои гуногуни ҳунар (рассомӣ, балет, чанде бастакорон)-ро шояд шахсияти дуфарҳанг метавон номид. Албатта, шахсияти дуфарҳанг, ки ҳар ду фарҳангро фаро гирифта ва маҳдудиятҳои ҳар ду фарҳангро бартараф карда, ба пояҳои баландтари фарҳанги ҷаҳон расидааст, низ дар садаи бист аз байни тоҷикони Фарорўд каму беш зуҳур кард, вале агар хато накунам, истисно буд.
Бештар на шахсияти дуфарханг, балки шахсияти бегонафарҳанг ба вуҷуд омад.
Шахсияти чандбаҳра, ки ба ҷуз фарҳанги миллии худ аз ду-се фарҳанг баҳра бурдааст, ҳамаи он фарҳангҳоро баробар пазируфтааст ва дар айни ҳол ба ҳамаи онҳо ба чашми бетафовутӣ менигарад, бештар майл ба ғояҳои ҷаҳонватанӣ хоҳад дошт.
Шахсияти чандбаҳра дигар ба як фарҳанги миллӣ тааллуқ надорад.
Шуури миллии ў (агар бошад) бештар бетараф ва нофаъол аст.

пешина
аз 351
навбатӣ