Хуросон аст ин ҷо

Имрўз яке аз омилҳое, ки дуфарҳангӣ ва бегонафарҳангӣ пайдо меоварад, муҳоҷирати корист. Агар ба бархе аз кишварҳои Шарқ ба корҷўӣ бираванд, хатари ба миён омадани худбегонагӣ камтар аст, чунки бисёре аз кишварҳои атроф бо тоҷикон ҳамфарҳанг ё наздикфарҳанг буда, чунин омилҳо, ки мардуми тоҷикро аз тафаккури миллӣ, аз тасаввурот ва феълу атвори анъанӣ дур мекарда бошад, дар ин кишварҳо камтар аст. Вале мардуми мо бештар ба Русия (на танҳо ба Русияи марказӣ, балки ба Сибир, ҳатто Шарқи дур) мераванд. Ин муҳоҷират дар бисёр мавридҳо ба худбегонагӣ, бегонафарҳангӣ, бефарҳангӣ, бемиллиятӣ роҳ мекушояд.
Албатта, на ҳамаи муҳоҷирон ба ин роҳҳо медароянд. Баъзе аз муҳоҷирон дар кишвари дигаре аз миллати худ намояндагӣ мекунанд, барои беосеб нигаҳ доштани ҳувияти миллии худ мекўшанд ва дар ин кўшиш ба комёбиҳо ноил мешаванд. Ин комёбӣ бештар ба муҳоҷирони мавсимӣ даст медиҳад. Ба вежа, муҳоҷирони доимӣ аз чунин имконот кам доранд. Буду боши тўлонӣ дар муҳити фарҳангии бегона кам-кам шахсро аз аслияти худ дур мебарад. Авлоди муҳоҷирони доимӣ дар насли дувум ва севум дигар донандаи фарҳанги бобову бобокалони худ нахоҳанд буд, дигар он фарҳанги бегона барои онҳо фарҳанги худӣ хоҳад шуд.
Ҳама навъҳои муҳоҷират аз ҷиҳати маънавӣ бар зиёни миллат анҷом меёбад ва ба суди кишварҳои дигар хидмат мекунад. Баски асосан ҷавонон муҳоҷират мекунанд, миллат аз як қисми нерўҳои созанда ва бўнёдкор ба куллӣ ё муваққатан маҳрум мегардад. Дар ин сурат, бегумон ғаноафзоии фарҳанги миллӣ, ки каму беш пайваста идома дорад, зарар мебинад. Ба ин маънӣ суди моддӣ, ки аз муҳоҷират ба кишвар меояд (даромади нақд ё моле, ки муҳоҷирон ба ватан меоранд ё мефиристанд), ба ҳеҷ ваҷҳ бар зарари маънавии он баробар шуда наметавонад. Ҳар бохти маънавӣ ба миллат бештар аз калонтарин бурди моддӣ зарар мерасонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо