Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ғарбро аз худ кардааст, ҳам шарқист, ҳам ғарбӣ, шахсияти дубаҳраест, ки аз неъматҳои ду тамаддун баҳра бурдааст.
Ба гумони мо, шахсияти фарҳангии дубаҳра дар он сурат рухдоди муҳиммест, ки пой бар фарҳанги миллӣ устувор дошта ва дар айни ҳол аз фарҳанги дигаре баҳрамандӣ ёфтааст. Шахсияти дубаҳра на ин ки донанда, балки дорандаи фарҳанги миллии худ аст ва фарҳанги миллӣ мағз то мағзи ҳастии маънавии ў нишаста, бо даст ёфтан ба фарҳанги дигар тавоноии фарҳанги худӣ дар сиришти ў бештар ва фаъолтар гардидааст.
Шахсияти дубаҳрае, ки дар ҳастии маънавии ў фарҳанги дигаре бартарӣ ёфтааст ва боиси суст шудани алоқамандии ў бо фарҳанги миллии худ гардидааст, аз эҳтимол дур нест, ки камтар ҳисси миллӣ дошта бошад ва бештар дар хидмати миллат кўтоҳӣ бикунад.
Таносуби унсурҳои худӣ ва бегона дар ҳастии фарҳангии инсон аз аҳамияти бузурге бархурдор аст. Асоси худӣ ва бегонагиро дар ҳастӣ дорои аҳамияти баробар набояд донист. Дар ҳар мавриде худӣ бештар аз бегонагӣ аҳамият дорад. Ба фикри мо, ин таносуб дар баррасии худӣ ва бегонагӣ бояд бештар мавриди диққат қарор бигирад.
Агар ҳангоми тамоси фарҳангӣ ба шаклгирии шахсияти инсон фарҳанги дигаре бештар нуфуз пайдо карда бошад ё ин нуфуз боло бигирад ва нақши фарҳанги миллиро дар ҳастии шахс ба берангӣ бирасонад, на шахсияти дубаҳра, балки шахсияти бегонафарҳанг ба миён меояд. Дар ин сурат «худӣ» ва «бегонагӣ» ҷой иваз мекунад, «худӣ» «бегонагӣ» мешавад ва «бегонагӣ» ба «худӣ» табдил меёбад.
Шахси бегонаошно дар ин сурат худбегона хоҳад буд, ба фарҳанги дигаре пайваста, аз фарҳанги худ пайванд хоҳад бурид. Чунин ҷой иваз кардани «худӣ»-ву «бегонагӣ», чунин табдили фарҳанг, яъне рў овардан ба фарҳанги дигар ва рў тофтан аз фарҳанги худ бештар ҷунин натиҷа хоҳад дошт, ки арзишҳои маънавӣ дар шуури шахс қимат дигар мекунанд, бештарин ба куллӣ арзиш аз даст медиҳанд ва чунонки гуфтем, шахсияти бемаслак ва беимон ташаккул меёбад, ки аз арзишҳои ахлоқии миллати худ дур шуда ва арзишҳои миллати дигареро ҳам бо зоҳирбинӣ пазируфта, на ба фарҳанги худӣ, на ба фарҳанги пазируфта наметавонад хидмат бикунад.

пешина
аз 351
навбатӣ