Хуросон аст ин ҷо

Аз ин сабаб, дубаҳрагии фарҳангӣ ҷанбаи манфӣ низ дошт. Манфитарин ҷанбаи дугунагии фарҳангӣ он буд, ки дар бисёр мавридҳо ба бегонафарҳангӣ гузашт, шахсияти бегонафарҳанг ба вуҷуд овард.
6
Шахсияги бегонафарҳанг маҳсули муҳити маънавиятзидо, маҳсули чунин муҳити иҷтимоъиву сиёсист, ки арзишҳои волои миллиро аз эътибор соқит кардан мехоҳанд. Шахсияти бегонафарҳанг маҳсули империализми фарҳангист, ки халқҳоро аз истиқлоли фарҳангӣ ва ҳувияти миллӣ маҳрум сохта, ба тобеъияти як миллати бузург даровардан ҳадафи он аст. Империализми фархангӣ дар чаҳони имрўз зери ниқобҳои зебо ҳамчунон амал дорад. Таҳоҷуми фарҳангии абарқудратҳо дар Тоҷикистони навбунёди тозаистиқлол рўз то рўз зўр мегирад. Бо ривоҷи равандҳои ҷаҳонгароӣ чунин хавфе афзоиш меёбад. ки мо ба зоҳири хушнамои зўроварии фарҳангӣ фирефта бишавем ва оҳиста
- оҳиста худ бехабар ба баъзе падидаҳои тобеъияти фарҳангӣ тан бидиҳем.
Бесабаб нест, ки ҳоло дар ҷаҳони Ғарб мафҳуми «шахсияти фарҳангии дугуна» вирди забонҳост. Бо афзоиши ҳамназдикии Шарқу Ғарб, дурусттар он ки бо наздик шудани миллатҳои Шарқ ба тамаддуни Ғарб низ шахсияте ба вуҷуд меояд, ки он тавр ки дар боло дидем, ҳувияти фарҳангии дугуна дорад: ҳам вежагиҳои фарҳанги миллати худро нигоҳ доштааст, ҳам вежагиҳои фарҳанги

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо