Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар айни замон набояд фаромўш кард, ки сифати тозаи фарҳанги тоҷикон дар садаи бист бештар аз ташаккули шахсияти фарҳангии дубаҳра дар эҷодиёти Садриддини Айнӣ падид омад. Ба фаҳми банда, шахсияти эҷодкории устод Айниро шахсияти фарҳангии дугуна наметавон номид. Устод дар заминаи фарҳанги миллӣ, дар заминаи суннатҳои бостонии фарҳанги Шарқ, бештар Шарқи исломӣ нумув кардааст. Ў аз таъсири реализми адабиёти русӣ, аз таъсири тамаддуни Ғарб бебаҳра набудааст, вале дар эҷодиёти ў нуфузи ин таъсир ба он дараҷа нарасида буд, ки баробари фарҳанги миллӣ ҷойгоҳ ёфта бошад. Амиқан ва ҳамаҷониба аз худ кардани фарҳанги аврупоӣ ва адабиёти русӣ ба устод Айнӣ муяссар нашуда буд, аммо азбаски ў бузург буд, ҳамон таъсирпазирии андак низ ба ў имкон дод, ки насри реалистии тоҷикони Фарорўдро ба вуҷуд биёварад.
Профессор И. С. Брагинский ақида дошт, ки синтези адабии шарқиву ғарбӣ нахуст дар насри Садриддин Айнӣ ва пас аз он дар осори Мухтор Авезови қазоқ ва Чингиз Айтматови қирғиз барҷастатар аз ҳама падид омад. Дар масъалаи мансубияти Мухтор Авезов ва Чингиз Айтматов ба шахсияти фарҳангии дубаҳра банда шубҳа надорам ва бояд таъкид кард, ки устод Айиӣ, агарчи шахсияти эҷодкории ў ба дубаҳрагии фарҳангӣ нарасида буд, барои пайдоиши ин навъи шахсият дар Осиёи Марказӣ замина омода кардааст.
Аз ин мебарояд, ки он ҳама дигаргуниҳои муҳим, ки дар фарҳанги тоҷикӣ дар садаи бист рўй дод, фақат ба пайдоиши дугунагии фарҳангии шахс вобастагӣ надорад ва бидуни шаклгирии чунин шахсият низ метавонист пайдо шавад.
Дубаҳрагии фарҳангӣ яке аз натиҷаҳои тамоси фарҳангҳост, ки чун дигар натиҷаҳои он дар баъзе ҷиҳатҳо аҳамият дошта, дар дигар мавридҳо мумкин аст аҳамияте надошта бошад ва ё нақше манфӣ бигузорад.
Дар асл шахсияти фарҳангии дубаҳраи садаи бист дар Тоҷикистон на натиҷаи амали мутақобилаи фарҳангҳо, балки натиҷаи наздик шудани фарҳанги тоҷикӣ ба фарҳанги русӣ буд, бештар натиҷаи амали фарҳангии яктарафа, зиёда аз ин дар бештари мавридҳо натиҷаи таҳоҷуми фарҳангӣ, натиҷаи фишори як фарҳанги бузургу тавоно ба фарҳанги мо буд.

пешина
аз 351
навбатӣ