Хуросон аст ин ҷо

Бархе аз онҳо имрўз, яъне дар оғози садаи XXI ҳам дар роҳи иҷрои Қонуни забон мониаҳо эҷод мекунанд.
Набераву абераҳои он тоҷикони русигўи садаи бистум, онҳое, ки дар аввалҳои даврони истиқлоли Тоҷикистон, чунончи солҳои 1992 - 1993 таваллуд шудаанд, имрўз, ки ба 14-15 даромадаанд, ҳанўз забони тоҷикиро ёд нагирифтаанд. Бархе ҳеҷ намехоҳанд, ки ёд бигиранд, бархе андак ёд гирифта, чунон гап мезананд, ки ними суханашон тоҷикӣ ва ниме русӣ буда, гоҳ ба тамом русӣ, вале ҳар ҷумла як-ду калимаю ибораи тоҷикӣ ҳам дорад. Чунин наврасону навҷавонон дар Душанбе хеле зиёданд. Умеди ин, ки бисёре аз онҳо, ҳатто баъзе фарзандони онҳо ба лонаи забони тоҷикӣ ва фарҳанги анъании мо хоҳанд баргашт, кам аст.
Бино бар ин бояд гуфт, ки бегонафарҳангӣ дарди бадест, ки агар як нафар гирифтори он гардад, чанд насли авлоди ў наметавонанд аз он раҳоӣ биёбанд.
Дар садаи бист дар миёнаи тоҷикон шахсияти фарҳангии дугуна низ пайдо шуд. Касоне пайдо шуданд, ки аз фарҳанги миллии худ ва аз фарҳанги бузурги русӣ баробар баҳра бурдаанд, омезиши ду фарҳанг дар шахсияти онҳо як сифати навини дилписанде ба вуҷуд овардааст. Бештари онҳо шахсияти эҷодкор буда, дар адабиёту санъат фаъолият кардаанд. Сотими Улуғзода, Мирзои Турсунзода, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигар нависандагони тоҷик, чанде аз бастакорон, рассомон, артистҳо, донишмандон ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд. Бо ҷусторҳо ва эҷодкории онҳо фарҳанги тоҷикӣ, адабиёту ҳунар ва илми Тоҷикистон ба роҳҳои нав даромад, сифати тозаи фарҳангӣ, синтези бадеъии шарқиву ғарбӣ арзи вуҷуд кард. Сифати тозаи фарҳанги бостонии мардуми тоҷик, он сифати нав, ки дар садаи бист, дар аҳди шўравӣ ба вуҷуд омад, бештар бо шаклгирии шахсияти фарҳангии дугуна вобастагӣ дорад, чунин шахсиятро шахсияти фарҳангии дубаҳра биномем беҳтар аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо