Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳоло ба дигар ҷиҳатҳои масъала диққат ҷалб кардан мехоҳем.
Дар садаи бист дар натиҷаи сиёсати маънавиятситезӣ ва миллиятзидоӣ дар ҳама ҷумҳуриҳои шўравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон рухнамуде падид омад, ки боиси харобии сохтори фарҳанги миллӣ метавонист гардад. Аз як сў, доираи амали фарҳанги миллӣ танг мешуд ва фарҳанги миллӣ нотавон мегардид, аз сўйи дигар, бо нерў афзудани сиёсати руссозӣ дар ҷомиаи тоҷикон нуфузи фарҳанги рус густариш ёфта, ба вежа дар шаҳрҳо шахсияте шакл гирифт, ки дар заминаи фарҳанги русӣ ташаккул ёфтааст, аз фарҳанги миллӣ, аз урфу одат, одобу ахлоқи худӣ бебаҳра мондааст ё хеле кам баҳра бурдааст, забони тоҷикиро намедонад ё андаке ба сатҳи зисту маъишати одӣ медонаду бас. Дар даҳаи панҷоҳи садаи бист дар шаҳри Душанбе фақат 12 фоизи ҷамъият тоҷик буд, дигар ҳама рус ва русизабон буданд. Солҳои баъд фоизи аҳолии тоҷик дар Душанбе андак зиёд шуд, вале тоҷикон дар пойтахти ҷумҳурии худ чандин сол ақалиятро ташкил мекарданд. Дар ин шароит ҳеҷ имкон набуд, ки ба кўдакҳо забони тоҷикӣ ёд бидиҳем, тоҷикият биёмўзем. Бисёре аз ҷавонони тоҷик ҳисси миллӣ надоштанд ва агар доштанд, хилофи ҳисси миллии тоҷикӣ буд. Иддае аз онҳо зоҳиран тоҷик, ботинан рус буданд.
Онҳоро шахсияти бегонафарҳанг метавон номид.
Дар байни ин тоҷикони русигўй касоне ҳам пайдо шуданд, ки ҳисси миллии тоҷикӣ доштанд, ба хидмати миллат камари ҳиммат бастанд, дар илм, дар анвоъи санъат кор карданд, ҳангоми тезу тунд шудани муносибатҳои миллӣ тарафи тоҷиконро гирифтанд.
Лекин дар байни тоҷикони русизабон касоне, ки дар ҳолати бетафовутии миллӣ монданд, бештар буда, аз бетафовутии онҳо зарар ба миллат кам мерасид, зеро аз фаъолияти бетарафонаи онҳо ба миллат фоида камтар расад ҳам, аксаран зарар ҳам намерасид.

пешина
аз 351
навбатӣ