Хуросон аст ин ҷо

Назарияи адами ягонагии фарҳангӣ ҳамоно идомаи он назарияи ду фарҳанг дар ҳар фарҳанги миллист, ки В. И. Ленин пешниҳод карда буд. Омўзаи Ленин иборат аз ин аст, ки фарҳанги миллӣ дар ҷомиаи синфӣ ду бахш аст: яке фарҳанги тўдаҳои заҳматкаш, ки фарҳанги мардумии пешқадам аст, дигаре фарҳанги синфҳои истисморгар, фарҳанги аъёну ашроф, ки моҳиятан иртиҷоъист.
Имрўз ин назарияро «такмил» кардаанд ва мегўянд, ки дар ҳар ҷомиаи кунунӣ на ду фарҳанг, балки чандин фарҳанг ҳаст, ҳар гурўҳи мардум, ҳар минтақа як фарҳанги мустақил дорад. Агар мақсади Ленин тезутунд кардани муборизаи синфӣ ва бар ҳам шикастани ягонагии миллӣ буд, назарияпардозони имрўзӣ миллатро пора-пора кардан, ҳар пораро ҷудогона фурў бурдан мехоҳанд. Мақсади аслӣ аз ҳувияти фарҳангӣ маҳрум кардани мардум аст, то ки ба «ягонагии ҷаҳонӣ» расондани халқҳо осонтар шавад.
ЮНЕСКО дар баённомаи умумии худ бар хилофи назарияи адами ягонагии миллии фарҳанг таъкид мекунад, ки гуногуниву рангорангӣ ва ҷилои рангомези ҳар фарҳанги миллиро устувор бояд кард. ЮНЕСКО таъкид бар ин дорад, ки фарҳанг аз маҷмўъи хусусиятҳои мушаххаси ҷомиа ва ё гурўҳи иҷтимоъӣ, аз маҷмўъи мушаххасоти маънавию моддӣ, фикрӣ ва отифии онҳо иборат аст ва ба ҷуз санъату адабиёт боз «шеваи зиндагӣ», яъне «қобилияти ҳамзистӣ», низоми арзишҳо ва эътиқодҳоро дар бар мегирад.
Устувории маҷмўъи омилҳои ҳувиятсоз пояҳои ҳастии миллатро пурқувват мекунад.
Омилҳои бумии анъании ҳувиятсоз бунёди миллии фаҳангро ба вуҷуд меоваранд ва ягонагии фарҳангии миллатро таъмин мекунанд. Садаи бист ба бунёди миллии фарҳанги халқҳо бисёр зарар овард ва акнун ҳавохоҳони ҷаҳонгароӣ онро боз сусгтар карда, дар байни миллатҳои ҷаҳон якрангиро қувват додан мехоҳанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо