Хуросон аст ин ҷо

Дар ин маврид ҷаҳонгароӣ моҳиятан ғарбгароӣ хоҳад буд, ҳамрангии миллӣ заминаи ҳамрангӣ бо мардуми Ғарбро омода хоҳад кард. Назарияи адами фарҳанги ягона дар зимни худ мақсаде дорад, ки ҳисси миллӣ, ифтихори миллӣ, умуман, ҳувияти миллиро кам-кам нест карда, барои расидан ба якрангии ҷаҳонӣ, дурусттар ин ки барои расидан ба ҳамрангӣ бо мардуми Ғарб замина омода бисозанд.
Ба даст овардани якрангии ҷаҳонии халқҳо нияти нав нест ва дар таърих чандин бор онро чун як ормони волои башардўстӣ ба ҷилва овардан хостанд. Яке аз моддаҳои асосии маромномаи марксистӣ ҳамин буд: дар ҷаҳон якрангии иҷтимоъӣ ва бародариву баробарӣ ба вуҷуд оварданӣ буданд. Мақсад аз инқилоби ҷаҳонии коммунистӣ ин буд, ки ҳама аҳли ҷаҳонро ҳаммаслаку ҳамраъй бикунанд. Устод Лоҳутӣ дар қасидаи «Кремл» (1922) гуфта буд:
Рўзе, ки ба пирўзӣ, бо маслаки имрўзӣ
Якранг шавад гетӣ, ҳамсанг шавад даврон
Заҳмат бишавад омир, виҷдон бишавад ҳоким,
Одам шавад осуда, олам шавад ободон.
Ҳайҳот, чунин нашуд, кор ба тамом ранги дигар гирифт. Чун дар кишвари шўравӣ ҷомиаи бесинф ва ҳамгун, ҷомиае, ки дар он дўстии халқҳо ҳукмрон бошад, сохтан хостанд, дар андак муддат бовар ҳосил кардем, ки оқибати ҳамрангиҳо ҳамон берангӣ будааст.
Дар аҳди шўравӣ бисёр кўшиданд, ки ҳама халқҳои Иттиҳоди Шўравӣ ба мардуми рус монанд бошанд. Имрўз дар ин кўшишанд, ки ҳама халқи ҷаҳон ба мардуми Ғарб, ба аврупоиёну амрикоиён монанд бошанд. Роҳу равиши онҳоро бипазиранд. Бе гумон, оқибати ҷаҳонгароӣ, ки маънои ғарбгароиро дорад, ҳамон қабоҳати берангӣ хоҳад буд, ки онро мурдарангӣ тавон номид, Якдиливу ҳамраъйӣ чи дар як ҷомиа, чи дар миқёси байналмилалӣ ҳаргиз иборат аз ҳамрангиву ҳамгунии мутлақ нахоҳад буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо