Хуросон аст ин ҷо

4
Агарчи мақсади аслӣ аз хештаншиносӣ дигаршиносӣ нест, чунон ки дидем, ба ҳар ҳол дигаршиносиро низ дар бар мегирад. Ба ин маънӣ метавон гуфт, ҷаҳонгароӣ аз ҷаҳоншиносӣ оғоз меёбад.
Ҷаҳоншиносӣ, ҷаҳонозмоӣ чашми ибрат дўхтан ба ҳоли ҷаҳону ҷаҳониён, чунон ки гуфта шуд, шинохти ҳувияти фарҳангии худ дар партави тамаддунҳои дигар аст. Ин як тарафи масъала аст. Паҳлўи дигари масъала ин аст, ки ошноӣ бо дигар халқҳо, пай бурдан ба вежагиҳои фарҳанги эшон, ба нозукиҳои манфиати миллии ҳар яки онҳо, ба хостҳои рушди иқтисодӣ ва сиёсӣ ва фарҳангии онҳо шарти зарурии ҷаҳонгароист. Ноозмуда ва бо чашми пўшида худро ба оғўши дигарон партофтан нашояд. Шинохти якдигар асоси дўстӣ ва иттифоқу иттиҳод аст ва барои пешгирии суиистифода аз ҳампайвандӣ зарур аст.
Фаҳмиши ғарбии ҷаҳонгароӣ аз фаҳмиши шарқии он фарқ дорад. Дар маънидоди ғарбиён на танҳо моҳияти маънавии масъала кам ба доираи биниш медарояд, балки нуктаҳое ҳаст, ки ошкоро бар зидди манфиатҳои миллии баъзе халқҳо ва истиқлоли фарҳангии онҳо равона шудааст. Бе чиз нест, ки нахуст дар кишварҳои Ғарб ҷунбише ба муқобили ҷаҳонгароӣ ва ҷаҳонисозӣ ба миён омад, ки торафт густариш меёбад. Ҷиҳатҳои манфии он ҷаҳонгароӣ, ки ҳоло дар Ғарб таблиғу ташвиқ ба он меафзояд, бо пажўҳишҳои илмӣ кам-кам намоён шуда истодааст.
Чандест, ки бархе аз назарияпардозони Ғарб мавҷудияти фарҳанги миллиро инкор мекунанд. Гўё дар миёни ҳеч халқе фарҳанги ягона вуҷуд надорад, дар ҳар ҷомиа ҳар тоифаи мардум худ фарҳанги ҷудогона доранд. чунончи фарҳанги кишоварзон, коргарон, ҳунармандон, равшанфикрон ва ғайра, ки аз ҳам тафовут дорад, ҳар кадоме ба сари худ вуҷуд дорад, ҳатто хилофи якдигар
аст ва инҳо наметавонанд ҳама ба якҷоягӣ якфарҳангии миллатеро ба вуҷуд биёваранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо