Хуросон аст ин ҷо

Ин рўҳия пайомаде аз маънавиятситезиҳои садаи бист аст, ки худшиносии фарҳангӣ ва худогоҳии мардуми тоҷикро халалдор кард. Ва ҳол он ки мо тоҷикон бояд фахр бикунем, ки аҷдоди мо тамаддуни бузурге, ки бунёди он бар фарҳанги волои маънавӣ буд, ба вуҷуд овардаанд, аз моддигароии ваҳшатбор дур будаанд. Дар он овон, ки ғарбиён дар андешаи такмили силоҳи ҷанг буданд, мо мардуми Шарқ дар ин кўшиш будем, ки инсонро ба камоли маънавӣ бирасонем, инсонияти инсонро такмил бидиҳем. Ғарб аз паи мошинсозӣ буд, Шарқ дар андешаи инсонсозӣ. Фарқи миёни Шарқу Ғарб ҳамин қадар аст.
Мо имрўз бештар имкон дорем, ки аз оғози даврони истиқлол ба роҳи маънавиятпарварии суннатӣ ба устуворӣ қадам бизанем. Ва чун наздик шудан ба тамаддуни Ғарб лозим омадааст, ин корро бояд ба сарбаландие, ки аз маънавиятпарварии таърихӣ ҳосил шудааст, анҷом бидиҳем, то гирифтори моддиятпарастӣ нашавем.
Абулкаломи Озод дар ҳамон ҳамоиши Деҳлӣ аз зарурати як кардани назари Ғарб ва Шарқ, аз зарурати ба ҳам пайвастани фалсафаи шарқии рисолати инсон ва назарияи пешрафтии Ғарб сухан пеш овард ва таъкид кард, ки маънавиятҷўии Шарқ ва моддиятгароии Ғарбро ба ҳам овардан даркор аст, то аз риояи таносуби ин ҳарду як сифати тоза ба миён биёяд. Дигарон низ чунин ақида изҳор кардаанд.
Чунин гузориши масъала аз он ҷиҳат ба ғоят ҷолиб аст, ки ҳам моҳияти маънавии инсон таъкид мешавад ва ҳам аҳамияти моддиёту иқтисод эътироф мегардад, қобилияти беҳадди одамизод дар илму амал ба назари эътибор гирифта мешавад. Бартарии маънавӣ мўҳтоҷи пойгоҳи моддист. Моро зарур аст, ки ба бозёфтҳои илму фан ва фанноварии Ғарб даст биёбем. Бунёди назарияи рушди миллии тоҷикон бояд бар моҳияти маънавии инсон бошад ва зарурати аз худ кардани дастовардҳои тамаддуни Ғарб, зарурати ҷаҳонгароиро низ ба назар бигирад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо