Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Маънавият мутеъи ваҳшоният аст.
Дар ҳудуди садаи XX ва XXI дар ҷаҳон моҳиятан на шаш навъ тамаддун, ки дар дастабандии Арнолд Тойнбӣ мебинем, балки танҳо ду тамаддун вуҷуд дорад, ки тамаддуни Ғарб ва тамаддуни Шарқ аст. Ин ҳам бояд фаромўш нашавад, ки аҳли тамаддуни Ғарб танҳо худро мутамаддин медонанд, танҳо Ғарбро ҷаҳони мутамаддин мехонанд, дигаронро аз доираи тамаддун берун мегузоранд. Ва ин баҳонаест барои ҳамла ба кишварҳои Шарқ, ки гўё мардуми Шарқро демократия меоваранд. Имрўз Амрико ҷаллодест, ки бар сари халқҳо теғ бардоштааст.
Андешапардозони Шарқ, аз ҷумла Шарқи ислом сирру асрори Ғарбро хуб фаҳмидаанд ва фош кардаанд. Аз ҷумла, Халлилуллоҳи Халилӣ мегўяд:

Ғарб дар оғози як девонагист,
Ў зи худ дар ҳолати бегонагист.
Моддиёташ карда чандон поймол,
К-ў намеёбад ба худ дидан маҷол...
Баъд аз ин мушкил, к-аз ин хуррамзамин
Бўйи Лайлое расад ишқофарин,
Дар қиболи гавҳари арзони ҳусн,
Пайкари бепардаи урёни ҳусн
Дардманди ошиқе пайдо шавад,
Дарди оҳе аз диле боло шавад...

Имрўз дар Тоҷикистон касоне ҳастанд, ки ҷилои назарфиреби пешрафтҳои илмиву фаннӣ ва иқтисодии Ғарб чашми эшонро бурдааст ва миллати худро дар пеши он тараққӣ оҷизу нотавон мебинанд. Дар натиҷа як навъ дилмондагӣ аз фарҳанги миллӣ ва норозигӣ аз миллати худ, як навъ миллатнописандӣ пайдо шудааст.

пешина
аз 351
навбатӣ