Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар дармонҷўӣ ва дорусозӣ рў гардонидан аз табиати ҷонпарвар ва такя ба моддаҳои сунъии кимиёӣ аз ҳамин ҷост.
Чанд сад сол аст моддигароӣ Ғарбро ба маънавиятзидоӣ овардааст. Рушди ҷомиа кам-кам ба роҳе даромад, ки эътиқоди динӣ суст гардида, ҷойгоҳи дин дар ҷомиа, аз ҷумла дар зисти иҷтимоъиву сиёсӣ хеле кам шуд ва имрўз дар ҳаёти мардумони Аврупову Амрико дин нақше ночиз дорад. Пастравии шуури динӣ яке аз омилҳои асосист, ки дар Ғарб фасоди ахлоқро рўз то рўз афзоиш медиҳад. Зиёда аз ин, маҳз дар кишварҳои Ғарб омўзаҳои фалсафии бединӣ басе доман густурда, оқибат кор ба ҷое расид, ки дар Иттиҳоди Шўравӣ бединии давлатӣ ба миён омад ва мазҳабситезии ҷангҷўро ба дараҷаи сиёсати давлат бардошт.
Пўшида нест, ки он бадкешӣ ва бадмазҳабӣ одамиятсўз омад.
Маҳрумият аз чеҳраи инсонӣ дар аҳди шўравӣ ва ба хусус, пас аз пошхўрди импиротурии шўравӣ ба шаклҳои даҳшатангез намоён шудан гирифт.
Яке аз пайовардҳои пурваҳшати моддиятписандӣ ин буд, ки нафси омира ва баднафсӣ ҳирси беандозаи ҷаҳонгириро қувват дода, ба як омили сиёсии ҷаҳонӣ табдил дод. Хиради инсон дар Ғарб гирифтори чанголи ҷаҳонхурон омада, маҷбур шуд ба хидмати ваҳшонияти ҷаҳонхўрӣ бикўшад. Чанд сад сол шуд, ки маънавият дар асорати нафси бад аст, илму дониш барои такмили асбоби ҷанг, ба қасди ҷони аҳли башар ба такопў афтодааст.
Чандин насли ғарбиён туфангу мусалсал, тўпу танк, киштиву ҳавопаймои ҷангӣ мебароранд, то кашфи бомбаи атомӣ ва силоҳи биологӣ расиданд. Илму фан дар Ғарб моҳиятан на ба хидмати инсон, балки ба қасди ҷони ў кўшову пўё шуд.

пешина
аз 351
навбатӣ