Хуросон аст ин ҷо

Бар ин, ки рушди маънавии миллатҳои Ғарб дастовардҳои бузурге дорад, шак нест. Абармардони андешапардози илму фарҳанг, адабиёту ҳунар дар кишварҳои Мағрибзамин дар ҳама асру замон, аз қадим то ба имрўз муваффақиятҳое доштаанд, ки нерўйи бузурги одамизодро ба намоиш меоварад ва бештарини онҳо асли маънавии инсонро қоил будаанд ва моро бар ин медоранд, ки низ онро иқрор биёварем. Вале ба ҳар ҳол, агар тамаддунҳои Шарқ поя бар фарҳанги маънавӣ дорад, тамаддунҳои Ғарб бештар ба моддиятгароӣ асос ёфтаанд.
Падидаҳои моддиятгароӣ ва маънавиятгурезӣ дар кишварҳои Мағрибзамин зиёд аст. Гоҳ моддиятписандӣ ба тарзҳои ғайри чашмдошт зоҳир мегардад. Чунончи медонем, ки тибби Ибни Сино дар Ғарб чанд сад сол ба кор гирифта шуд ва чун чопгарӣ оғоз ёфт, «Ал-Қонун» яке аз нахустин китобҳое пас аз Инҷил буд, ки дар садаи XV дар Италия ба забони лотин ба табъ расид ва то садаи XVII дар донишгоҳҳои Аврупо китоби дарсӣ буд. Аммо пас аз ин, аврупоиён аз тибби Ибни Сино рў гардониданд, назарияи мизоҷро рад карданд ва худ тибби тоза эҷод намуданд. Пизишк ва пажўҳишгари тоҷик профессор Файзуллоҳ Саъидов дар бораи ин, ки он тибби нави ғарбиён чӣ хусусияте дорад, гуфтааст:
«Маълум аст, ки тибби Ғарб дар асоси назарияи механикии сохтори олам тарҳрезӣ шудааст ва ба равандҳои физиологии патологияи бадан аз бинишгоҳи физикаи механикӣ баҳо медиҳад ва маънидод мекунад. Назарияи механикӣ одамро ҳамчун як мошин медонад, ки ҳангоми беморӣ қисмҳои корношоями ўро ташхису барқарор ва ё иваз намудан мумкин аст».1 Бешак, ҳатто ба тиббу табобат аз дидгоҳи назарияи механикӣ нигаристан аз ҳамон моддигароӣ сар задааст. Аз ҳама ҳасти бештар
1 Ф. Саъидов. Рамзҳои тамаддуни ориёӣ. – Душанбе: «Деваштич», 2003, с.
12.
ба падидаҳои зоҳирӣ чашм медўзанд, аксаран тараққиро аз дигар кардани шакли зоҳирӣ ва ба вуҷуд овардани шаклҳои маснўъӣ ва ғайритабиъӣ иборат медонанд ва ин шаклҳои тоза гоҳ ба куллӣ хилофи моҳияти аслии чизҳо ва рўйдодҳо буда, моҳияти онҳоро хароб мекунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо