Хуросон аст ин ҷо

Яке аз шахсиятҳои сиёсӣ ва файласуфони машҳури Ҳинд Мавлоно Абулкаломи Озод дар суханронии ифтитоҳӣ аз баъзе назарияҳои асосии Шарқу Ғарб дар масъалаи консипсиюни инсон ёдовар шуд ва таъкид кард, ки аз аҳди бостон дар Машриқзамин инсонро мавҷуди маънавӣ донистаанд. Дар Шарқ фалсафаи ваҳдати вуҷуд ривоҷ ёфта буд, ки дар шахсияти инсон таҷаллии зоти Худовандро дидаанд. Дар фалсафаи Ведонтои Ҳинд ва тасаввуфи ҷаҳони ислом инсонро зуҳургоҳи олии ҳастии Худованд ба шумор овардаанд. Дар динҳои мардуми Ховар инсон ҷойгоҳе воло дорад. Дар Таврот гуфтаанд, ки Худованд инсонро ба сурату сирати худ офарид. Аммо дар Қуръони карим бузургдошти инсон зиёдтар аз ин омадааст, ки инсон халифатуллоҳ - ҷонишини Худованд.дар рўйи замин аст. Ба ин тарз моҳияти маънавии инсон дар дину мазҳаб ва фалсафаи Шарқ масъалаи асосист ва инсонро мақоме додааст, ки дар ҷаҳони ҳастӣ аз ин болотар пояе наметавонад буд.
Абулкаломи Озод пайдоиши назарияи инсонро дар Ғарб аз таъсири фалсафаи Арасту донистааст ва ақида изҳор кардааст, ки чун Арасту инсонро бештар мавҷуди моддӣ мешуморад ва ҳайвони оқил номида буд, дар ҳама ҷаҳонбинии фалсафӣ ва андешаи илмии ҷаҳони Мағрибзамин моҳияти инсон бештар ба моддият алоқа пайдо карда, дар садаи XIX Дарвин пайдоиши инсонро аз маймун донист ва дар омўзаҳои Маркс чунин омад, ки ҳастӣ шуурро муайян мекунад.
Назарияи маънавиятгароии Шарқ ва моддиятгароии Ғарб, ки Абулкаломи Озод баён кард, ба хусус бахши дувуми он - моддиятгароии Ғарб дар ҳамоиши Деҳлӣ ва пас аз он ба интиқод дучор омад ва эродҳое ба миён овард. Бисёре аз донишмандони Ғарб бар инанд, ки асли маънавии инсон дар андешаи фалсафии Ғарб низ инкор нашудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо