Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷаҳонгароӣ як навъи худтакмилии таърихии миллат мувофиқи замон аст.
Ин гуна хештаншиносӣ омили муҳиме барои он хоҳад буд, ки сатҳи фарҳанги миллиро тибқи хостҳои тозаи замони кунунӣ боло бибарем, то ки қобили таъсирпазирӣ аз тамаддунҳои тавонои имрўзӣ бошад. Фарҳанги иҷтимоъиву сиёсии миллат, фарҳанги иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, мардумсолорӣ ва ғайра, фарҳанги маънавӣ бояд ба сатҳи баланди ҷаҳонӣ бошад. Ҷаҳонпайвандӣ бо тараққии имрўзии фарҳанги миллӣ ба даст меояд. Фақат бо савияи баланди фарҳанги миллӣ ба сатҳи имрўзаи фарҳанги ҷаҳон метавон расид.
Сатҳи фарҳанги миллиро боло бояд бурд, то ба сатҳи ҷаҳонӣ бирасем. Сатҳи ҷаҳонӣ дар навбати худ фарҳанги миллиро баландтар мебарад.
Миллат бояд худро баробари халқҳои пешрафтаи ҷаҳон бубинад. Эҳсоси баробарӣ бо ҷаҳон, бар тавоноии миллат меафзояд, решаҳои ҳастии таърихии ўро устувор мекунад.

3

Ба ин тариқ, ҷаҳонгароӣ, ба фаҳми мо, бахше аз ҷидду ҷаҳди миллат дар роҳи худшиносӣ ва худтакмилии маънавист. Яъне, пеш аз ҳама мафҳуми маънавист, ки бисёре аз ҷанбаҳои моддигароиро ба худ тобеъ мекунад. Ин таъкид аз он сабаб зарур аст, ки дар Ғарб аз ҷаҳонгароӣ ва ҷаҳонисозӣ бештар ҷихатҳои моддиятписандиро ба назар доранд, фақат иқтисоди бозорӣ, танҳо истеҳсолу истеъмол, пулҷўиву пулёбӣ, ба моддиёт тобеъ кардани фарҳанги миллиро хоҳонанд. Мо ин маънидоди ғарбии ҷаҳонгароиро бояд бо ҳама ҷузъиёташ бидонем, то ки моҳияти маънавии ҷаҳонгароиро дар ҳеч марҳалае фаромўш накунем.
ЮНЕСКО соли 1951 дар пойтахти Ҳиндустони тозаистиқлол як ҳамоиши илмӣ баргузор кард, ки мавзўъаш «Назарияи инсон ва

масъалаҳои омўзиш дар Шарку Ғарб» буд.

пешина
аз 351
навбатӣ