Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба фаҳми банда, имрўз низ ҷаҳонгароӣ, пеш аз ҳама, навъе аз худшиносии миллист, шинохти хештан дар миёни мардуми ҷаҳон, дар муқоиса бо халқҳои дигар аст. Онҳое, ки гумон мекунанд имрўз ҷаҳонгароӣ шинохти халқҳои дигар, кашфи асрори тамаддунҳои ношинохтаест, ба фикри банда, саҳв мекунанд. Албатта, бояд дигаронро бишносем, то ҳар кори нек, ки онхо метавонанд, мо низ битавонем. Лекин асли мақсад на бегонашиносист, балки шинохти дигарон барои расидан ба шинохти хештан аст. Мақсади аслӣ ҳамон аст, ки Суқроти ҳаким дар Юнони бостон гуфта буд: Худро бишинос! Фалсафаи исломӣ моҳияти маънавии мафҳуми худшиносиро хеле амиқ бурд ва дар фалсафаи ирфон худшиносӣ ва худошиносӣ ҳамбаста омад ва гуфтанд: Хеш бишнос, то Худои хеш бишносӣ. Азбаски Худованд инсонро ба сурату сирати худ офаридааст, шинохти нафс оқибат ба шинохти зоти Худованд меоварад. Огоҳӣ аз худ воситае барои покӣ аз гуноҳҳо, воситае барои бартарафии норасоиҳои ахлоқу одоби худ, воситае барои расидан ба Ҳақ аст. Дар роҳи ҳақҷўи, ба вежа дар садаи бисту як ҷанбаи маънавӣ - иҷтимоъии худшиносӣ, аз ҷумла худшиносии миллӣ, худшиносии таърихӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ ва ғайра барои ҳар фарди ҷомиа ва тамоми халқ ҳар чи бештар зарурат пайдо кард.
Барои ин ки ба хештаншиносӣ бирасем, аз ҷумла лозим меояд, ки нигоҳи худ гоҳ аз худ ба дигарон бигзаронем ва боз аз дигарон ба худ биёварем, то худро бо дигарон муқоиса бикунем ва бо ин муқоиса тавоноӣ ва нотавонии хеш бидонем. Даст ёфтан ба фарҳанги бегона боиси он мегардад, ки ҳувияти фарҳангии худро беҳтар бифаҳмем, монандии худ ба дигарон, фарқи худ аз дигаронро беҳтар бидонем, ҷиҳатҳои мусбату манфии таҷрибаи таърихии худро амиқтар дарк бикунем, тарзҳои навини истифода аз таҷрибаи таърихии худро кашф бикунем. Чашмандози таърихии мо бо худшиносии миллии муқоисавӣ паҳнои ҷаҳонро фаро мегирад.

пешина
аз 351
навбатӣ