Хуросон аст ин ҷо

Тоҷикон ҷаҳонгароии таърихӣ доранд. Таърихи мардуми тоҷик бо таърихи миллатҳои наздику дур пайваста ва омехтааст. Аз аҳди бостон фарҳанги эронитаборон бо Ҳинд, Юнон ва ғайра вобастагӣ доштааст. Робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ, ба вежа дар замони Сомониён ривоҷ ёфт. Эҳёи маънавӣ - миллии даврони Сомонӣ алоқаманд бо ҳама ҷаҳони исломӣ, бо ҷаҳоне фарохтар аз он, аз ҷумла бо Ҳинду Юнон буд. Пас аз он ҳам, агарчи тасаллути туркону муғулон гоҳ-гоҳе халқи тоҷикро аз ҷаҳони мутамаддин ҷудо мекард, фарҳанги мо аз файзи робитаҳои байналмилалӣ бебаҳра намондааст. Аз охирҳои қарни нуздаҳ мардуми тоҷик бо фарҳанги русӣ ва ба воситаи он бо тамаддуни Ғарб алоқа барқарор карданд.
Зистгоҳи мардуми тоҷик дар пайвандгоҳи роҳҳои бузурги таърихи Шарқу Ғарб воқеъ буд ва аз ин рў, ҳастии таърихии мардуми тоҷик аз нахуст дар ҳолати ҳамбастагӣ бо тамаддунҳои гуногун шакл гирифтааст, аз муҳимтарин дастовезҳои фарҳангии он тамаддунҳо тўша бардоштааст.
Имрўз лозим омадааст, ки пайванди мо бо халқҳои ҷаҳон нав шавад, ба куллӣ сифати тоза пайдо бикунад. Ҷаҳонгароии кунунӣ, глобализм ва глобализатсия - ин мафҳумҳое, ки аз даҳаи ҳаштоду навади садаи бист пайдо шуд, нисбат ба робитаҳои байналмилалии пештара тамоман маънои дигар дорад, муносибатҳои нави фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсиро ифода мекунад. Бо вуҷуди ин набояд аз ёд бибарем, ки ба ҳар ҳол, мо дар ин роҳ навкор нестем. Мо таҷрибаи таърихии бузурге дорем ва дар ҳар қадами ҷаҳонгароӣ он таҷрибаро бояд ба ёд оварем ва ба кор бигирем.
Яке аз муҳимтарин нуктаҳо дар таҷрибаи таърихии мардуми мо ин аст, ки муносибати мо ба мардумони кишварҳои дигар воситае дар роҳи худтакмилии маънавии мо буд, барои пешрафти фарҳангии мо хидмат мекард, имкон медод, ки худро беҳтар бишиносем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо