Хуросон аст ин ҷо

Хуҷанду Истаравшан, Масчоҳу Фалғару Рашт, Хатлону Бадахшон низ дар ҷаҳони эронӣ намуна ба шумор меояд. Сухансанҷони Теҳрон ҳамеша аз форсии Хуросони Эрон намуна гирифтаанд ва имрўз чашми диққат ба форсии тоҷикии Фарорўд дўхтаанд (чунончи пажўҳишгоҳи доктор Алии Равоқӣ бо таҳқиқи форсии фарорўдӣ машғул аст). Мо аслияти сухани зиндаи Рўдакиву Фирдавсӣ, Ибни Синову Беруниву Байҳақиро ба ҳама ҷаҳони эронӣ дастовез меоварем.
Мо, тоҷикон ба сўйи эронпайвандии навини имрўза бо чеҳраи хоси хуросонӣ ва фарорўдии худ роҳ пеш гирифтаем ва ба чаҳонпайвандӣ бо вежагиҳои ҳамагонии эронии худ (ки вежагиҳои тоҷикиро низ фаро гирифтааст) равон ҳастем. Мо ба ҷаҳонгароӣ, ба ин сафари таърихӣ аз шоҳроҳи эронпайвандӣ мегузарем.
Чунонки устод Айнӣ бо рисолаҳои илмии худ ба субут расонид, эронпайвандӣ расидан ба асли худ, ба оғозгоҳҳои маънавии худ аст.1 Чунин худҷўиву худёбӣ, чунин хештаншиносии таърихӣ ва фарҳангӣ раҳнамои мо дар сафари ҷаҳонгароӣ низ хоҳад буд. Барои пайвастан ба тамаддуни Ғарб аз ҳамин дидгоҳ роҳ меҷўем ва аз ҳамин роҳ бояд ба боргоҳи фарҳанги маънавии Ғарб бирасем ва дар бикўбем.
2
Ҷаҳонгароӣ - ҷаҳонӣ шудан низ имрўз фармудаи таърих аст, ки бояд иҷро бикунем.
Мо бояд бо Шарқу Ғарб бипайвандем, бо аҳли ҷаҳон бошем, бо омўхтани таҷрибаи таърихии халқҳои ҷаҳон барои худ роҳи тараққӣ ҳамвор бикунем.
1 Дар ин бора муроҷиат шавад ба рисолаи банда: «Адабиётпажўҳии Садриддини Айнӣ ва худшиносии миллии тоҷикони Фарорўд» дар китоби банда: «Равшангари бузург». – Душанбе: «Адиб», 2006.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо