Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Худшиносӣ чунин раванди амиқи зеҳнист, ки шахсро дар натиҷаи маърифати хештан ва оламу одам ба сари ислоҳи ҳоли худ меорад, барои дидани норасоиҳои худ ва ислоҳи онҳо омода месозад. Вагарна шинохти хештан маъние намедошт. Аз ҷумла худогоҳии миллӣ шинохти ҳамаҷонибаи хештан ба сифати фарде аз миллатест, яъне ҳам шинохти арзиши инсонӣ ва миллии худ, ҳам фаҳми вазифаҳои иҷтимоъии худ дар пеши миллат аст, ки дар натиҷаи донистани таъриҳ фарҳангу маънавияти халқи худ, аз ҷумла забони модарӣ ҳосил мешавад ва на танҳо сарбаландии миллӣ – ифтихор аз дирўзу имрўзи миллати худ, балки адои хидмати миллат, яъне ҷаҳду ҷадал барои пешрафти вай, барои ҳалли масъалаҳои миллӣ ва осон шудани мушкилҳои ҷомеа низ як ҷузъи мафҳуми худогоҳии миллист.
Аз ин ҷост, ки донистани норасоиҳо ва айбу гуноҳи худ, эътирофи онҳо ва аз паи ислоҳи онҳо шудан аз муҳимтарин шартҳои пешрафт аст. Чунончи пасттабъиву камсаводӣ ва тарҷумазадагӣ аз камбудиҳои асосии мост, ки дар роҳи пешрафти фарҳангии миллат ғав андохтааст. Пас чигунагии ин нуқсонро бояд бидонем, табиати онро биёмўзем, то бартараф кардани он муяссар гардад. Пастии сатҳи савод ва фарҳанг аз дардҳои нанговари миллист, ки дармон кардани он дар пеши давлат вазифаи навбати аввал буда, иҷрои онро ба фардову пасфардо мавқуф гузоштан мумкин нест. Боз ҳам бо вуҷуди он ки вазъи иқтисодӣ кам имкон медиҳад, бояд илоҷе ёфт, ки иҷрои барномаи мактаби миллӣ ва ислоҳи маориф ҳар чи зудтар ҷиддан оғоз ёбад. Масъалаи савод ва фарҳанг ба сифати яке аз масъалаҳои миллӣ дар пеши халқи тоҷик дар ҳеҷ як давраи таърих бо ҷиддияти имрўза наистода буд. Имрўз ин масъала аҳамияти фавқулъода пайдо кардааст.
Дар оғози қарни бист ва пас аз инқилоби октабр ба фарҳанги замонӣ расидани миллат чун муҳимтарин вазифае дар ҷомеа матраҳ мешуд.

пешина
аз 351
навбатӣ