Хуросон аст ин ҷо

Гоҳ мумкин аст, ки худҷуӣ ё ин ки як марҳилаи он аз мушоҳидаи муҳит ва ҳоли атрофиён, аз намунаи дигарон оғоз ёбад, вале ҳатман ба сари хештан меояд, хештанро ба атроф мепайвандад ва аз шинохти моҳияти ин пайванд муроду мақсадҳо ҳосил мегардад.
Аммо ба ҳар ҳол худшиносӣ аз шинохти худ сар мешавад ва роҳи фардову пасфардо аз дирўзу парирўз оғоз ёфтааст. Пас зарур аст, ки роҳи таърихии даврони истиқлолро ҷиддан аз худ, аз дирўзу парирўзи забон ва фарҳанги худ оғоз кунем ва машъали таърихи забону маънавияти хешро баланд бардошта, роҳи фардоро равшан созем.
Оре, танҳо худҷўйи амиқрави маънавӣ миллатро ба худшиносии инсонӣ, фарҳангиву ахлоқӣ ва миллӣ метавонад биёварад.
Як нишонаи хештаншиносӣ расидан ба қадри забони худ, донистани қадри арзишҳои маънавист. Азиздошти забони модарӣ ва арзишҳои маънавӣ аз сифатҳои асосии худогоҳии инсонӣ ва миллист. Симои инсонии шахс ва ҳастии миллии ўро бидуни инҳо ба тасаввур наметавон овард. Ташаккули шахсияти инсон аз нахуст бо кўшиши расидан ба саводи воқеъӣ, маданияти баланд, ахлоқу одоби нек ва одамият ҳамроҳ хоҳад буд ва камолоти он дар шароити имрўзаи ҷомеаи тоҷикон дарки зарурати инкишофи забони миллӣ ва фарҳангу маънавиятро низ фаро мегирад. Имрўз зиёда зарур омадааст, ки боз ба чеҳраи инсонии хоси худ соҳиб шавем, ба асли худ баргардем, ҳар чиро, ки аз даст додем, боз пас оварем, мутобиқи хотсҳои садаи бисту як такмил диҳем, шахси имрўзӣ ва миллати имрўзӣ шавем.
Бале, мо мардуми тоҷик айбу нуқсони бисёр дорем. Дар дидани айбу нуқсони худ мард бояд буд. Мақсад аз худҷўиву худрасӣ низ дидани айби худ ва ислоҳи он аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо